Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: Истифодаи аслиҳаи кимёӣ бекайфар нахоҳад монд


Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири кулии паймони НАТо мегӯяд, ҳар гуна истифода аз аслиҳаи кимёӣ наметавонад “бидуни посух” бимонад. Вай баъд аз мулоқоти намояндагони кишварҳои узви НАТО дар Бруссел зимни суханони худ гуфт, гузоришҳо аз манбаъҳои мухталиф ишора бар он мекунанд, ки нируҳои президент Башор Асад масъули ҳамлаҳои кимёӣ дар Сурия мебошанд.

Британия мехоҳад, ки Шӯрои Амнияти СММ ҳамаи тадобири заруриро барои ҳимоят аз шаҳврвандони Сурия дар баробари ҳамлаи кимёӣ ҳимоят кунад. Девид Камерон- нахуствазири Британия дар сафҳаи Твиттери худ гуфтааст, ки кишвараш дар ин бора шоми рӯзи чаҳоршанбе ба Шӯрои Амният тарҳи қатъномаеро муаррифӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG