Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони марзии Қирғизистону Тоҷикистон музокира мекунанд


Чоркӯҳ

Чоркӯҳ

Дар ҷануби Қирғизистон ҳамсоядеҳоти тоҷикнишин ва қирғизнишин омодаанд дар бораи амният бо ҳам ба музокира биншинанд. Дар ин бора дафтари матбуотии вилояти Бодканд ба матбуот хабар додааст. Ба гуфтаи вай, сокинони деҳоти марзии Оқ Сой ва Самарқандаки Қирғизистон ва деҳоти Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳи Тоҷикистон бо ҳам менишинанд, то дар бораи ваъи мавҷуда бо ҳам гуфтугӯ кунанд.

Бино ба гузоришҳо, баъд аз кушта шудани хонаводаи Халлоқовҳо дар деҳаи Хоҷаи аъло вазъ дар ин деҳоти марзии ду тараф ташдид ёфтааст. Ин ҳодиса 20 август рух дода буд. Амнияти рафту омади шаҳрвандонро дар ин минтақа кормандони ҳифзи ҳуқуқ таъмин мекунанд. Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ҳангоми убур мошинҳои ҷониби Қирғизистонро чанд бор сангборон кардаанд.
XS
SM
MD
LG