Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози Тошев ва Ризоев. Мурофиа барпо нашуд


Бинои боздоштгоҳи муваққатӣ.

Бинои боздоштгоҳи муваққатӣ.

Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, маҳбусони зиндони Хуҷанд ва вакилони дифои онҳо ба нишони эътироз толори боздоштгоҳи муваққатиро тарк намуданд ва мурофиа барпо нагардид.

Ин амали онҳо дар посух ба беҷавоб гузоштани дархосташон дар бораи дар толори додгоҳ аз сар гирифтани мурофиа аз ҷониби раисикунандаи мурофиа сурат гирифт. Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Суннатулло Ризоев дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар ин бора чунин гуфт: “Мо тасмим гирифтем, то ҳаллу фасли дархостамон, яъне ошкорову шаффоф дар толори додгоҳ баргузор намудани мурофиа, тибқи пешбинии қонун, мо бинои боздоштгоҳи муваққатиро тарк намудем.”

Раисикунандаи мурофиа Улуғбек Мустафоқулов, додраси додгоҳи Хуҷанд гуфтааст, посухи ниҳоии худро дар бораи ҷойи баргузории мурофиа субҳи фардо, панҷшанбеи 29 уми август эълон хоҳад кард. Додгоҳ рӯзи чоршанбеи 28 -уми август ба толори бинои боздотгоҳи муваққатӣ гурӯҳи рӯзноманигорон ва пайвандони маҳбусони айбдоршавандаҳоро раҳ надод. Бадриддин Тошев, падари Садриддин Тошев дар суҳбат бо "Озодӣ" чунин гуфт: “Ман давоми як моҳ писарамро надидам. Имрӯз ҳам ваъда карданд, ки ба толор роҳ медиҳанд, аммо 3 соат мунтазир нишастам, намонданд. Инро беадолатӣ ва поймол шудани ҳуқуқҳоям медонам. Ҳар бор маро аз дари СИЗО меронанд.”

Садриддин Тошев, Суннатулло Ризоев ва вакилони дифои онҳо аз замони оғози бозбинии додгоҳии парванда талош доранд мурофиа на дар толори боздоштгоҳи муваққатӣ -СИЗО, балки дар толори додгоҳ баргузор гардад. Аммо додгоҳ ин хоҳиши онҳоро ба далели набуди шароити фаннӣ барои интиқоли маҳбусони айбдоршаванда ва шоҳид аз зиндон то толори додгоҳ ва “ҳифзи онҳову ходимони давлатӣ” қабул надорад.

Билохира ин боиси сар задани баҳс ва таваққуф дар бозбинии парванда гашт.
Ба ақидаи вакилони дифоъ, дар толори боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шудани мурофиа маҳбусон зери фишор мегузорад ва холисонаву объективона ва пурра ҷараён гирифтани онро зери суол мебарад. Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, бо чунин роҳ мақомот мехоҳанд маълумотҳое, ки дар бозбинии парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, маҳбусони “ҳақталош”, ки барои ифшои мавридҳои шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳо муттаҳам мешаванд, ифшо мегардад, дастраси намояндагони васоити ахбори омма ва ҷомеа нагардад.

Рауф Алиев, айбдоркунандаи давлатӣ дар ин парванда, корманди додситонии вилояти Суғд аз додгоҳ хостааст, дар сурати норизоии айбдоршавандаҳо бигузор додгоҳ бе иштироки онҳо сурат бигирад. Аммо раиси додгоҳ ин дархостро мухолиф ба Кодекси мурофивии Тоҷикистон дониста, рад кардааст.
Ба гуфтаи додгоҳ, қонун танҳо дар ҳолати ҷиддан вайрон шудани қоидаҳову тартиб ва аз толор ронда шудани айбдоршаванда аз ҷониби раис додгоҳ ҳақ додааст мурофиаро бидуни иштироки айбдоршаванда баргузор намояд.
Аммо баҳси байни Садриддин Тошеву Суннатулло Ризоев ва вакилони дифои онҳо бо додгоҳ аз эътирози айбдоршавандаҳо сар задааст, ки ҳуқуқи қонунии худро барои дар толори додгоҳ баргузор гаштани муроифаи парвандаашон талаб доранд.

Мурофиаи парвандаи пурсарусадои маҳбусони зиндони рақами 3-и Хуҷанд: Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев аз рӯзи 25 июл дар боздоштгоҳи муваққатӣ, ба истилоҳ СИЗО - и рақами 2-и Хуҷанд ҷараён дорад. Додгоҳ онҳоро ба иттиҳоми "пахши баёноти барқасдонаи дурӯғин" ва "пахши хабаре, ки кори муассисаҳои ислоҳотиро бенизом мекунад" айбдор мекунад. Парванда алайҳи онҳо моҳи феврали соли равон, рӯзҳои сайри як навори тақрибан 1-соатаи видеоӣ, ки дар он маҳбусон бо навбат назди дурбин меоянд ва пас аз шиносонидани худ, пайи зарбаҳоро дар бадани худ нишон медиҳанд, дар моҳи декабри соли 2012 дар расонаҳо боз шуда, сару садоҳои зиёдеро баланд кард.

Наворҳои нақли маҳбусони шиканҷашуда моҳи декабри соли 2012 дар пайи он пахш шуданд, ки пас аз марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2012 даҳҳо маҳбусон аз Душанбе ба маҳбаси шаҳр Хуҷанд интиқол ёфтанд. Дар ҳоле, ки наздикони Икромзода даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷаи шадид ба ҳалокат расид, мақомот мегӯянд, ин зиндонӣ даст ба худкушӣ задааст.

Тахминан моҳе қабл додраси парванда – Мусалмон Шарифов барои кор ба Бадахшон интиқол ёфт ва ахиран ба ҷояш Улуғбек Мустафоқулов, додраси дигари додгоҳи Хуҷанд масъули бозбинии парванда таъин гардид.
XS
SM
MD
LG