Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Беларус "зиндонии ақидатӣ" аз зиндон раҳо шуд


Дашкевич бо рӯзноманигорон сӯҳбат мекунад
Дашкевич бо рӯзноманигорон сӯҳбат мекунад
Дар Беларус Змистер Дашкевич-раҳбари ҷунбиши сиёсии сабтиномнашудаи Ҷабҳаи Ҷавон аз зиндон раҳо шуд. Рӯзи чаҳоршанбе хешовандону дӯстон ва ҳамкорони Змистер як ҷо бо рӯзноманигорон вайро дар шаҳри Ҳронда дар назди дарвозаи зиндон пешвоз гирифтанд.

Дашкевич ба хабарнигорон гуфт, ки худро “хуб ҳис” мекунад ва омода аст, ки фаъолиятҳои сиёсии худро идома диҳад. Вай дар ибтидо барои ду сол маҳкум ба зиндон шуда буд ва вайро ду сол пеш барои ҳамла ба ду нафар дар Минск дар декабри соли 2010 гунаҳгор карда буданд. Ин ҳамла як рӯз пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат гирифта буд ва он сабаби оғози тазоҳуроти эътирозӣ шуд. Шумораи зиёди фаъолонро боздошт ва ба зиндонҳо андохтанд.

Соли гузашта Дашкевич барои боз як соли дигари иловагӣ маҳкум шуд. Ба вай гуфтанд, сабаби тамдиди мӯҳлати зиндонаш ин будааст, ки вай “аз иҷрои раҳнамудҳои раҳбарияти зиндон сарпечӣ мекардааст”. Амнести Интернешенл Дашкевичро барои ақидаҳои сиёсиаш “зиндонии ақидатӣ” ном бурд.
XS
SM
MD
LG