Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳимбеков Кумиссиюни Марказиро ба додгоҳ мекашад


Рустам Иброҳимбеков
Рустам Иброҳимбеков
Рустам Иброҳимбеков-номзади ягона аз нируҳои мухолифон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон мегӯяд, ки Кумиссиюни Марказии Интихоботиро ба додгоҳ хоҳад кашонд, зеро ин кумиссиюн вайро сабти ном накардааст. Иброҳимбеков шоми рӯзи сешанбе дар ин бора дар Маскав эъломияе пахш кард.

Кумиссиюни Марказии Интихоботӣ сабаб овардааст, ки Иброҳимбеков шаҳрвандии ду кишвар, яъне ҳам Озарбойҷон ва ҳам Русияро дорад ва сокини доимии Озарбойҷон нест.

Иброҳимбеков 74 сол дорад, дар Маскав ба сар мебарад. Вай намоишноманавис ва барандаи ҷоизаи Оскар мебошад. Дар аввалҳои моҳи ҷорӣ иттиҳоди нируҳои мухолифин вайро номзади ягонаи худ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон пешбарӣ кард.

Озар Сариев-сухангӯи Кумиссиюни Марказии Интихоботӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, тасмим дар бораи худдорӣ аз сабти номи Иброҳимбеков бо назардошти муқаррароти Қонуни Асосии Озарбойҷон ва бар асоси санадҳое гирифта шудааст, ки ҷониби Русия дар ихтиёри онҳо гузоштааст.

Ҳафтаи гузашта иттиҳоди мухолифони Озарбойҷон Ҷамил Ҳасанлӣ-таърихнигори 61 сола ва намояндаи пешини порламонро номзад пешбарӣ кард, то номзади алтернативии онҳо бошад. Интихобот 9 октябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG