Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозрасони СММ аз маҳали истифодаи аслиҳаи кимёӣ боздид мекунанд


Қарор аст, ки рӯзи чаҳоршанбе бозрасони СММ дар Сурия дар бораи нишонаҳои истифодаи аслиҳаи кимёӣ дар наздикии Димишқ далел ҷамъоварӣ кунанд. Рӯзи сешанбе бозрасон ба сабабҳои амниятӣ натавонистанд ба ин маҳал раванд.
Рӯзи душанбе вақте, ки бозрасон мехостанд ба яке аз панҷ маҳали эҳтимолии истифодаи аслиҳаи кимёӣ раванд, ба сӯи онҳо тирпарронӣ сурат гирифт.

Кишварҳои ғарбӣ президент Башор Асадро барои ҳамлаи 21 август, ки дар он садҳо нафар шаҳрвандон кушта шуданд, гунаҳгор медонанд. Беш аз пеш даъватҳо садо медиҳад, ки режими Димишқ барои ин кораш бояд муҷозот шавад. Аммо Башор Асад ин иддаоро рад мекунад.

Рӯзи сешанбе Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико дар мусоҳибае бо Би Би Си гуфт, ки нируҳои Амрико барои зарба задан ба Сурия омода ҳастанд, агар президент Барак Обама барои ин кор дастур диҳад. Кохи Сафед мегӯяд, Вашингтон дар фикри тағир “додани режим” дар Сурия нест.
XS
SM
MD
LG