Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲХДТ аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб» роҳандозӣ кард


Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳ ба сӯи мактаб» як аксия барои мактаббачаҳои камбизоатро рӯи даст гирифтааст, ки то 1-уми сентябр идома хоҳад ёфт. Усмон Солеҳ, раиси бахши робита бо ҷомеъа ва иттилооти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯзи 28 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ин аксия дар тамоми навоҳии кишвар баргузор карда шуда, ба талабаҳое, ки аз хонаводаҳои камбизоат ҳастанд, дар ҳудуди 250 сомонӣ, яъне сару либос ва ҷиҳози мактабӣ кӯмак карда мешаванд. Усмон Солеҳ зикр кард, ки «аллакай дар ноҳияи Файзобод ба 60 хонавода, дар ноҳияи Ваҳдат ба беш аз 20 хонавод кӯмак расонида шудааст, ки боз ин рақам хоҳад афзуд ,чунки то 1 сентябр идома дорад.»

Вай гуфт, ки қабл аз расонидани кӯмак намояндагони ҳизб бо вазъи хонавода ошно шуда ва ҳадди ниёзмандии онро ба эътибор гирифта, сипас ёрӣ расонида мешавад. Ба гуфтаи Усмон Солеҳ, «кӯмак ба мактабҳое, ки дар мавзеъҳои дур ҳастанд, бо роҳнамоии ҷамоатҳо сурат хоҳад гирифт ва дар онҷо аъзои ҳизб зарурати кӯмакро мушаххас хоҳанд кард.»

Дар робита ба ин, ки маблағи харидории сарулибос барои талабаҳои ниёзмандро аз кадом ҳисоб ҳизби ҳоким пайдо хоҳад кард, Усмон Солеҳ гуфт, ки ин ҳама аз ҳисоби аъзоҳақии ҳизбиҳо, вале дар баъзе минтақаҳо аз «саховатманд»-ҳо низ хоҳиш карда мешавад, ки ёрӣ расонанд. Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир барои амали намудани аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб» ҳамаи бахшу шӯъбаҳои худ дар вилояту навоҳии кишварро сарфарбар кардааст, ки то рӯзи оғози хониш, яъне якшанбеи 1-уми сентябр анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG