Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари раҳбари Чин ба Тоҷикистон дар назар нест


Сафорати Чин дар Душанӣе мегӯяд, дар барномаи сафари раҳбари ин кишвар ба Осиёи Миёна, боздиди вай аз Тоҷикистон дар назар нест. Чоу Си Чин, вобастаи фарҳангии сафорати Чин дар Душанбе рӯзи чоршанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "Си Сзинпин, раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таърихи 3 то 13 сентябр сафарҳоеро ба чор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Туркманистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон анҷом медиҳад. Ба таъкиди вобастаи фарҳангии сафорати Чин дар Душанбе, раҳбари ин кишвар бо даъвати Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар нишасти ҳаштуми сарони G-20, ки қарор аст ба таърихи 5 ва 6 сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шавад, ширкат хоҳад кард. Ҳамчунин дар чорчуби сафари худ ба Осиёи Марказӣ, раҳбари Чин дар нишасти 13-уми Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок мекунад.Ин нишаст ба таърихи 13 сенятбр дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон доир мегардад. Чин аз мубтакирон ва узви фаъоли Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мебошад, ки Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон низ шомили ин созмон мебошанд.
XS
SM
MD
LG