Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамсари роҳиби маҳбус аз президенти ИМА кумак хост


Ҳамсари роҳиби насронӣ-Саид Обидинӣ, ки амрикоии эронитабор аст, аз президенти ИМА Барак Обама хостааст, фавран аз мақомоти Эрон раҳоии шавҳари маҳбусашро талаб кунад.

Рӯзи 26-уми август додгоҳи эронӣ дархости коҳиши мӯҳлати ҳабси Обидиниро рад кард. Обидинӣ моҳи сентябри гузашта боздошт шуда, моҳи январ бо иттиҳоми таҳдид ба амнияти миллӣ ба муддати ҳашт сол зиндонӣ шуд.

Мақомоти ҷумҳурии исломӣ Обидиниро бо кӯшиши таҳияи шабакаи пинҳонии калисоҳои насронӣ муҷрим донистаанд.

Ҳамсари Обидинӣ хонум Нағма ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш бояд фавран озод шавад.

Дар гузашта департаменти давлатии ИМА даъват карда буд6 ки Обидиниро раҳо кунанд
XS
SM
MD
LG