Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олам аксуламал ба Сурияро баҳс мекунад


Президенти Фаронса Франсуа Олланд мегӯяд, кишвараш омодааст, онҳоеро, ки бар зидди мардуми Сурия аз силоҳи кимиёӣ истифода мебаранд, муҷозот кунад.

Рӯзи сешанбе дар пойтахти Фаронса Олланд гуфт, ҷанги шаҳрвандии Сурия ба назму суботи олам таҳдид мекунад. Ӯ афзуд, ки кишвараш кумак ба мухолифини режими президенти Сурия Башор ал-Асадро бештар хоҳад кард.

Дар Лондон сарвазири Британия Дейвид Кемерон гуфт, баъди истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Сурия аҳли олам набояд хомӯш бошад. Ӯ ҳамчунон илова намуд, то ҳол кишвараш шакли посух ба бӯҳрони Сурияро ташхис накардааст.

Рӯзи сешанбе Қасри Сафед иброз дошт, иқдомҳое, ки Вашингтон дар иртибот Сурия баррасӣ мекунад, тағйири режим дар ин кишварро мадди назар надорад.

Қабл аз он вазири мудофиаи ИМА Чак Ҳейгел гуфт, нерӯҳои ИМА бояд омода бошанд, то дар ҳоли судури фармони президент Барак Обама фавран даст ба амал зананд.

Русия ҳушдор додааст, ки дахолати низомӣ дар умури Сурия “паёмади фалокатбор” хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG