Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади мухолифини озариро сабт накарданд


Рустам Иброҳимбеков
Рустам Иброҳимбеков
Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон аз сабти номи Рустам Иброҳимбеков-довталаби воҳиди мухолифин барои сабқат дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар худдорӣ кардааст.

Рӯзи сешанбе комиссия сабаб пеш овард, ки Иброҳимбеков соҳиби ду шаҳрвандӣ буда, ба таври доимӣ дар Озарбойҷон истиқомат намекунад.

Сенариянависи 74-сола Иброҳимбеков, ки ба гирифтани ҷоизаи Оскар муваффақ шудааст, моҳи равон гуфта буд, воқеан ӯ дар хориҷи Озарбойҷон иқомат дорад, вале саъй мекунад, аз шаҳрвандии Русия даст кашад.

Ҳафтаи гузашта мухолифини озарӣ муаррихи 61-сола ва собиқ вакили мардумӣ- Ҷамил Ҳасанлиро номзад ба курсии президентӣ пешниҳод карда буданд.

Интихоботи президентии Озарбойҷон дар таърихи 9-уми октябр барпо мешавад. Президенти кунунии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки дар соли 2003-ум баъди марги падараш ба курсии раёсатҷумҳурӣ нишастааст, довталаби асосӣ раёсатҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Ҳизби ҳокими Озарбойҷони нав Алиевро номзад ба курсии президентӣ пешбарӣ кард ва Комиссияи марказии интихобот ӯро расман сабт намудааст.
XS
SM
MD
LG