Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар радиоҳои сокинони шаҳри Кӯлоб рӯи мавҷҳои кӯтоҳ чанд ҳафтаи ахир филмҳои ҳиндӣ садо медиҳад.

Аз қутии радио ҳар шом метавон садои муштзанӣ, изҳори муҳаббат, садои ҳаракати мошинҳо ва дигар ҳаракатҳои хоси филмҳои ҳиндиро шунавид.

Меҳроҷиддини Абдулло, як сокини Кӯлоб мегӯяд, модараш ба барномаҳои радиои дилбастагӣ дорад ва бештар радио мешунавад, аммо чанд вақти ахир бо гардиш додани мавҷҳои радио дар ҳайрат мемонад. Ӯ гуфт: «Радиоро тоб медиҳӣ, ки кино рафта истодааст. Баъзан вақт садо ҳам мешавад, ки «салом бинандагони мӯҳтарам». Дар радио бинандагон нест-ку. Ҳама инро радиои Кӯлоб мегӯянд, ки гоҳ-гоҳ мусиқӣ пахш мешавад».

Ин аҳвол дар миёни сокинон ибораеро маъруф гардонидааст, ки «пул бошад дар радио ҳам кино намоиш медиҳанд.»

Аммо Сафаралӣ Эргашев, директори телевизиони Кӯлоб мегӯяд, маҳз камбуди маблағ фаъолияти радиои маҳаллиро нохуб кардааст, аммо сокинон барномаҳои телевизиони Кӯлобро, ки гоҳҳо рӯи мавҷи кутоҳи «92фм» дар радиоҳо пахш мешавад, иштибоҳан барномаҳои радио медонанд. Ӯ мегӯяд, соли 2002 дар Кӯлоб радиои хусусие сабти ном шуда буд, ки барнома пахш мекард, аммо ҳоло бинобар камбуди маблағ ин радио на ҳамеша фаъол ҳаст. Соҳиби ин радио ҳам феълан барои таҳсил ба Маскав рафтааст ва Эргашев изҳори умедворӣ кард, ки бо бозгашти ӯ радиои маҳаллӣ дубора фаъол хоҳад шуд.

Ӯ гуфт: «Кӯлоб шаҳри калон аст. Бояд ду се телевизиону ду се радио фаъолият дошта бошад. Дар ин ҳолат рақобат мешавад ва барномаҳои хуб пахш мешавад. Мо ҳамеша дар телевизион сиёсати ҳукумати кишварро дастгирӣ мекунем ва фикр мекунам, ки ҳар чӣ радиову телевизион бештар шуд, ҳамин қадар кор хуб мешавад.»

Ба гуфти Эргашев, Радиои Кӯлоб рӯи мавҷи 101,5 танҳо дар дохили шаҳри Кӯлоб пахш мешавад, ки ҳоло бинобар надоштани маблағ танҳо мусиқӣ пахш мекунад. Дар ҳоле, ки ин радио танҳо имкони дар дохили шаҳр пахш кардани барнома дорад, дар минтақаи Кӯлоб, ки даҳ шаҳру навоҳиро муттаҳид мекунад, ягон радиои фарогири ҳамаи ин навоҳӣ фаъол нест. Бинобар ин чанде пеш иддае аз рӯзноманигорони Кӯлоб дар номае ба унвони президенти кишвар дархост, карданд, то дар тамоми минтақаи Кӯлоб иҷозаи фаъолияти радиоро бидиҳад. Зеро дар даҳ соли ахир рӯзноманигорони маҳаллӣ се бор талош карданд, то як радиои минтақавиро сабти ном кунанд, аммо аз ҷониби Кумитаи радио ва телевизион барояшон чунин иҷоза дода нашуд.

Дар як номаи дастаҷамӣ, ки се моҳи пеш дар расонаҳо ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар нашр шуд, беш аз 20 рӯзноманигорои маҳаллӣ навиштаанд, «бештар аз 20 сол аст, ки дар шаҳри Кӯлоб, ки сеюмин калонтарин шаҳри Тоҷикистон ва маркази маъмурии яке аз бузргтарин минтақаҳои кишвар маҳсуб меёбад, радиои маҳаллӣ фаъол нест. Барои Шумо маълум аст, ки радио ҳамчун дастгоҳи пурқудрати идеологӣ дар тарғиби сиёсати давлат, ташвиқи ғояҳои миллӣ ва албатта расонидани иттилои зарурӣ ба мардум нақши муасир мебозад. Айни замон надоштани як хадамоти пурқудрати хабарӣ ба фалаҷ гаштани шабакаи иттилотӣ оварда мерасонад, ки аз ин камбудӣ рақибон ва ҳарифони мо метавонанад бемалол истифода кунанд».

Дар ҳамин ҳол, Саид Раҳмон, муҳаррири барномаҳои радиои собиқ вилояти Кӯлоб дар замони шӯравӣ мегӯяд, дар минтақаи Кӯлоб наздики 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон сукунат дорад, ки бо набудани як дастгоҳи хабаррасонӣ, ҳади ақал, радиои маҳаллӣ дар халои иттилоотӣ қарор доранд. Ӯ мегӯяд, таъсиси як радиои ҷадид, хоҳ давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ ба манфиати ҳукумати марказӣ хоҳад буд. «Ин рӯйдодҳое, ки дар минтақа мешавад, ба қадри лозим онҳоро радиову телевизионҳои марказӣ нашр намекунанд. Барои ин онҳо ҳақ ҳам доранд, зеро чизҳое ҳаст, ки хоси ҳамин минтақа ҳаст, аммо бояд аз баргузории онҳо сокинони худи ҳамин минтақа огоҳ бошанд. Мисле, ки дар радиои Кӯлоб тамоми даъвату ободкориҳоро дар ноҳия мо тариқи он анҷом медодем. Таъсири радио хеле калон аст, барои ҳамин зарур медонем, ки он таъсис ёбад.»

Феълан, дар минтақаи Кӯлоб, ки даҳ шаҳру навоҳии вилояти Хатлонро муттаҳид мекунад, ягон ҳафтаномаву телевизиони сартосарӣ фаъол нест. Телевизиони «Мавҷи Озод»-и ноҳияи Восеъ танҳо дар ҳудуди ин ноҳия ва телевизиони Кӯлоб дар ҳудуди ин шаҳр имкони пахши барномаҳояшонро доранд. Радиои Кӯлоб, ки барои сокинони даҳ шаҳру навоҳӣ барнома пахш мекард, пас аз пошхӯрии шӯравӣ дигар рӯи мавҷ нест. Ҳоло танҳо дар Кӯлоб дар мавҷҳои кутоҳ сокинон филмҳои ҳиндӣ мешунаванд, ки ба гуфтаи масъулини телевизони маҳаллӣ ин мавҷи телевизион аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG