Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоркӯҳиён дар талаби боздошти қотилони хонаводаи Халлоқовҳо


Дар ин кулба хонаводаи Халлоқовҳо аз сӯи афроди номаълум кушта шуданд.
Дар ин кулба хонаводаи Халлоқовҳо аз сӯи афроди номаълум кушта шуданд.

Сокинони Чоркӯҳи Исфара мегӯянд, ки куштори мудҳиши 4 узви хонаводаи Халлоқовҳо оромии онҳоро барҳам зада, бо умеди боздошти қотил рӯзу шабҳоро сипарӣ мекунанд.

Субҳи сешанбеи 27 -уми август зиндагӣ дар ин ҷамоати сарҳадии Суғд зоҳиран ба маҷрои муқаррарӣ идома дошт. Аммо дар чеҳраи сокинон андӯҳ ва нигаронии амиқе мушоҳида карда мешуд.

Сайфулло Қодиров, сокини Чоркӯҳ, ки 11 сол саркории хоҷагии деҳқонии рақами 5 - ро бар ӯҳда доштааст, ба "Озодӣ" гуфт, Бобо Халлоқовро тӯли солҳо чун як инсони ҳалиму беозор ва деҳқони заҳматкаш мешинохт ва қатли ӯву аҳли хонадонаш барои вай ва сокинони дигар ҳеҷ қобили дарку фаҳм нест:

“Ин куштори мудҳиш хоби ҳамаро ҳаром кард. Тамоми халқамон аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ илтимос доранд, ки қотилро ёбед ва дар миёни мардум ҷазо дода шавад. Ман ба 54 расида ин хел ҷинояти ваҳшиёнаро надида будам.”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, дастгир нашудани қотилон ба рӯҳияи сокинон таъсири манфӣ мегузорад ва онҳоро ба кор гирифтан аз нерӯи худ дар ҷустуҷӯву боздошти қотилон таҳрик медиҳад.

Сокинон мегӯянд, ҳанӯз маълум нест афроди мусаллаҳ киҳоянд ва аз рехтани хуни хонаводаи як деҳқони оддии тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ мақсаду ҳадафҳое доштанд? Оё ин амали ваҳшиёнаи як касе буд, ки бо Бобо Халлоқов хусумати шахсӣ дошт? Ё гурӯҳи бадхоҳе, ки мехост бо ин хунрезӣ тоҷикону қирғизҳои хати ҳассоси марзиро бар ҷони ҳам дарандозанд? Ё амали касест, ки мехост ҳамсояи сарҳадии худро тарс диҳад ва ба даст кашидан аз як пораи замини рӯзирасонаш маҷбур кунад?

Мақомоти тоҷик ҳанӯз фарзияҳои худро дар бораи ин ҷиноят баён надоштаанд.
Дар шӯъбаи корҳои дохилии 2-и Исфара, воқеъ дар ҷамоати Чоркӯҳ ба "Озодӣ" гуфтанд, ки то ба ҳол касе ба гумони даст доштан дар куштори хонаводаи Халлоқовҳо боздошт нашудааст. Вале тафтиши ин қазия шабонарӯзӣ идома дорад.

Идрис Халлоқов, набераи 17-солаи Бобо Халлоқов, ки бо бародари 10-солааш Иброҳиму ҳамсари амакаш аз ин ҳамлаи хунбор пинҳон шуда ҷон ба саломат бурдааст, ба "Озодӣ" гуфт, садои тир ва таҳдиди қотилро шунидааст: “Ман овози тир шунидам, ба тарафаш нигаҳ кардам, ки ба тарафи ман ҳам тир андохт, худамро партофтам. Овозашро шунидам, ки аввал ба қирғизӣ гуфт, бибиам нафаҳмид, сонӣ ба русӣ гуфт, ки вай қирғиз ҳасту ба куштани мо омадааст.”

Оё қотил воқеан ба забони модариаш суҳбат мекард ё мехост бо лафзи русиву қирғизӣ қурбониёни худро гул занад? Мусоҳиби мо ҳанӯз ба ин савол посух наёфтааст. Ба гуфтаи пайвандонаш ва касони наздик ба оилаи Халлоқовҳо, Бобо Халлоқов, як деҳқони бисёр заҳматкаш буд, ки ба ҷуз деҳқониву кишту кор ва боғдорӣ дар 30 – 35 сотих замини худ дигар шуғле надошт. Вай сари замину об бо ҳамсояҳои қирғизаш ҳам боре баҳсу талоше надошт.

Бобо Халлоқов (номи дигараш Абдуқаҳҳор), деҳқони 62 солаи тоҷик, бо ҳамсараш Муҳтарама Халлоқоваи 61 сола, духтари ҷавонаш Гулчеҳра Мамадҷонова ва набераи 14 солаи писариаш – Иноятуллоро афроди мусаллаҳ тахминан соати 3 – и нимашаби 19 ба 20 – уми август дар кулбаи сари пораи замини худ, дар канори Чоркӯҳ ҳадафи тир қарор доданд.

Ин кулба ва аз канори он ҷӯйборе дар ин ҷо хати марзи Қирғизистону Тоҷикистонро аз ҳам ҷудо мекунад. Дар тахминан 300 метр дуртар аз ҷойи куштор, сари роҳи мошингарди Чоркуҳ-Шӯроб, ки аз деҳаи Паст-Ариқи ноҳияи Бодканд мегузарад, посгоҳҳои марзбонии тоҷикону қирғизҳо воқеъ аст.
Субҳи рӯзи 27-уми август дар ҳар ду ҷониб чанд нафарӣ марзбонҳои тоҷику қирғиз ба назар мерасиданд, аммо ба гуфтаи сокинон, он шаби куштор марзбонҳои тоҷик баъди фирори қотил ҳозир шудаанд.

Роҳи 8 киламетрии мошингарди Чоркӯҳ-Шӯроб, ки аз хоки ноҳияи Бодканд мегузарад, солҳои охир ба як мавзеъи ҳассоси марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон табдил ёфтааст.

Моҳи июн дар пайи як моҷаро сари талоши пораи замин ҷониби Бодканд ин роҳро барои як моҳ бастанд ва чоркӯҳиён маҷбур буданд бо роҳи Исфара ба Шӯроб раванд. Ҳамчунин бинобар гузоришҳо, рӯзи 24-уми август марзбонҳои тоҷик дар ин роҳ ду шаҳрванди Қирғизистонро ҳангоми фурӯши 11 кило маводи таркандаи тротил боздошт кардаанд.

Тоҷирони ин маводи тарканда киҳоянд ва ба чӣ мақсад онро ба Тоҷикистон интиқол доданд? Суолест ҳанӯз посухи худро пайдо накарда.
XS
SM
MD
LG