Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бритониё дар андешаи иқдоми низомӣ алайҳи Сурия


Нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё дар аксуламал ба истифодаи эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурия ба таҳияи тарҳи амалиёти низомии эҳтимолӣ алайҳи ин кишвар пардохтаанд.

Дафтари нахуствазири Бритониё гуфт, ки масъалаи мудохилаи эҳтимолии низомӣ ба муноқиша дар Сурия рӯзи панҷшанбе дар порлумон баррасӣ хоҳад шуд. Вале сухангӯи Дейвид Кемерон таъкид кард, ки ҳанӯз ҳеҷ қароре барои истифодаи нерӯ алайҳи Сурия қабул нашудааст.

Валид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия рӯзи сешанбе гуфт, дар сурати ҳамлаи низомӣ, кишвараш бо “тамоми абзори мумкин” аз худ дифоъ хоҳад кард. Ӯ афзуд, ҳар гуна талоши қудратҳои хориҷӣ барои эҷоди тавозуни нерӯ дар ҷанги Сурия “хаёли хом” хоҳад буд.

Созмони Табибони Бидуни Марз гуфт, ки дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе бо гази кушанда дар чанд маҳаллаи наздики шаҳри Димишқ дасти кам 335 нафар кушта шудаанд. Нерӯҳои вафодор ба Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва шӯришиён ҳамдигарро ба истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ муттаҳам мекунанд. Вазири умури хориҷии Сурия гуфт, ки кори нозирони Созмони Милал, ки масъалаи истифода аз ин навъи аслиҳаро таҳқиқ мекунанд, то рӯзи чаҳоршанбе ба таъхир афтодааст, зеро шӯришиён амнияти нозиронро кафолат надодаанд.

Ҳамин нозирон рӯзи душанбе ба маҳалли ҳодиса рафта ва гуфтанд, ки “шавоҳиди арзишманд” ҷамъ кардаанд. Нозирони Созмони Милал дар роҳ ба сӯи маҳаллаи Муаззамия дар ҷануб-ғарби Димишқ ҳадафи тирандозии снайперҳо қарор гирифтанд, вале ҳеҷ яке аз онҳо осеб надид. Ҳукумати Сурия ва шӯришиёнро ин ҳамларо кори дасти якдигар хондаанд. Пештар аз ин дар рӯзи душанбе, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурияро “қабоҳати ахлоқӣ” хонд ва гуфт, онҳое, ки ин корро кардаанд, бояд сазои амалашонро бубинанд.

“Раиси ҷумҳур Обама бедалел ба режими Башор Асад возеҳ накардааст, нақзи меъёрҳои байналмилалӣ бе паёмад нахоҳад буд. Муҳим нест, шумо дар бораи Сурия чӣ фикр мекунед, ҳамаи инсонҳо ва ҳамаи миллатҳое, ки ба ормонҳои ягонаи инсоният эътиқод доранд, бояд ба по хезанд ва итминон диҳанд, ки истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ ҷазо дорад, то дигар чунин чизе ҳеҷ гоҳ такрор нашавад.”

Ҷон Керрӣ афзуд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иттилооти изофие дар бораи ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурия дорад, ки рӯзҳои наздик нашр хоҳад кард. Давлати Русия, аз муттафиқони аслии Сурия гуфт, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки нерӯҳои Башор Асад аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода карда бошанд.

Александр Лукашевич, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия рӯзи сешанбе ҳушдор дод, ки иқдоми низомӣ алайҳи Сурия “паёмадҳои фалокатбор” хоҳад дошт: “Талошҳо барои канор гузоштани Шӯрои Амният ва ин навбат ҳам сохтани баҳонаҳои сунъиву беасос барои мудохилаи низомӣ ба минтақа, сабаби ранҷи бештар дар Сурия хоҳад шуд ва паёмадҳои фалокатбор барои кишварҳои дигар дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо хоҳад дошт.”

Хабаргузории расмии Синхуаи Чин рӯзи сешанбе гуфт, кишварҳои ғарбӣ дар хулосабардорӣ аз ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ дар Сурия шитоб доранд, ҳарчанд ҳоло нозирони Созмони Милал таҳқиқот дар ин заминаро такмил накардаанд.
XS
SM
MD
LG