Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Марги бегуноҳ". Tарбия, таблиғ ё ҳақиқат?


Нахустин бинандагони филми «Марги бегуноҳ» дар Душанбе мегӯянд, ҳарчанд аз сифати таҳия ва саҳнаҳои он мутаассир шудаанд, аз муҳтавои он бардоштҳои омехта доранд.

Ҳарчанд гyрӯҳе аз бинандагони филми "Марги бегуноҳ" мегӯянд, дар пардаи синамо ҳақиқати ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро диданд, бархи дигар бар инанд, ки дар он рӯйдодҳои якҷониба тасвир шуда, офарандагони филм натавонистаанд, фаротар аз фарзияи расмии мавҷуда қадам ниҳанд.

Яке аз бинандагон, ки худро Саид Каримов муаррифӣ кард, баъд аз тамошои филм ба Радиои Озодӣ гуфт, филми нав натавонист нигоҳи нав ба воқеияти солҳои 90-уми садаи гузашта шавад. Вай ин филмро фармоиши мақомот номид ва гуфт:

«Бубинед, маълум аст, ки фармоишист. Инҷо бо ин филм тавре нишон доданд, ки алайҳи ислом аст ва гуё онҳо дузду ғоратгаранд. Он хунрезиҳое ки дар замони ҷанг аз ҷониби гуруҳҳои дигар ҳам сар зада буд, нишон дода нашудаанд. Ин ба ҳама маълум буд.»

Манучеҳр, ҷавони 31 сола аст ва мегӯяд, худ ҳунарпешаи синамост. Вай дар толор ба истеъдоди ҳунармандони ин филмнома кафкӯбӣ кард ва мегӯяд, аз ин филм рӯзҳои сахти мардуми Тоҷикистонро фаҳмид: «Чӣ сахтиҳое ки ҳамон замон буд, барои хлеб навбат меистоданд. Мо ҳам дубора фаҳмидем, ки чи замоне буд ҳоло мо чихел зиндагии ором дорем.»

Лаҳзае аз филм.
Лаҳзае аз филм.
Зоҳиран, тамошобинони ин филм на танҳо намояндагонии синну сол ва касбу кори гуногун, балки дорои ақидаҳои мухталиф буданд. Ларита, барои намуна, аз ин филм истиқбол накард. Вай гуфт, беэҳтиромӣ ба забони адабии тоҷикӣ, хилофи меъёрҳои касбии синамосозӣ наворбардорӣ шудани саҳнаҳои он, тарғиби ҷиноятҳое, мисли дуздӣ, сабаби аслии писанд наомадани ин филм барояш шудааст. «дар тули истиқлолияте ки 20 сол гузаштааст, аз нигоҳи синамо заҳмати зиёд сарф шудааст. Аммо аз ҷиҳати коргардонӣ, суст аст. Агар филм тарбиявӣ аст, пас чаро бо забони адабӣ нест? Барои мисол ҳеҷ як муаллим новобаста, ки дар филм ё берун аз он ҳаст, бо забони лаҳҷавӣ суҳбат намекунад. Ин ҳодисаҳо дар таърих мемонад, аммо зарурати намоиш додани ин наворҳо дигар нест».

Ин ҳам дар ҳоле, ки Кароматуллоҳи Мирзо, нависанда ва муаллифи асари «Марги бегуноҳ» гуфт, жанри филм психологист ва аз рӯзгори сангини шаҳрвандон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ қисса мекунад. Вай гуфт, бо намоиши ин филм бояд ҳамон рӯзҳои сахтро дубора пеши назар биёрем. «президент ҳамеша мегӯяд, ки «аз чӣ рӯз ба ин рӯзҳо расидем». Ана ҳамон рӯзҳоро ман дар ин асар руи коғаз овардам. Лаҳзаҳое ки аз пеши марди тоҷик занашро гирифта мебурданд, духтарашро мебурданд. Ин филмномаро, ки солҳо боз менавистам, руи навор омад».

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар гузашта низ филми «Дар орзӯи падар», аз руи асари нависанда Кароматуллоҳи Мирзо ба яке аз филмҳои пурбинанда табдил ёфта буд.

Сафват Бурҳонов, таҳлилгари точик ки ин намоишро аз аввал то охир тамошо кардааст мегӯяд, дар ин филм дар бораи ягон ҷониби даргир чизе намоиш дода нашуд. Вай гуфт, ҳарчанд филм ҷавобгуи синамои ҷаҳонист, аммо асар барои филмбардорӣ мувофиқ нест. Ин таҳлигар мегӯяд, филм ки гӯё аз ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ қисса мекард, вале натавонист он лахзаҳоро бозгу кунанд. Зеро дар ин филм танҳо ду гурӯҳ бо ҳам ҷанг мекарданд ва он ҳам маълум набуд ки он гурӯҳҳо киҳоянд. “Дар зери наворҳои ҷанги шаҳрвандӣ, бояд асарҳое бошанд, ки пухта ва асоси таърихидошта бошанд. Ягон чониби диргир дар ин филм намоиш дода нашуд, ман надидам.”

Лаҳзае аз филм.
Лаҳзае аз филм.
Намоиши филми «Марги бегуноҳ», бо истифода аз наворҳои мустанади давраи ҷанги шаҳрвандӣ, нооромиҳои солҳои 1992 ва дар навбати нон истодани мардум, дар ҳоле рӯйи парда омад, ки Тоҷикистон дар арафаи интихоботи президентӣ қарор дорад ва таҳлилгарон онро навъе аз таблиғот медонанд.

Аммо Моҳбегим, як тамошобини ин филм гуфт, имкон надорад, ки ин филм бо мақсадҳои таблиғотӣ истифода шавад. Зеро ин як ҳодисаи таърихист ва бояд дар таърихи ҳодисаҳои кишвар монад, на омили таблиғ ба маъракаҳои сиёсӣ бошад. «Не ман аслан фирк намекунам ин барои пияр бошад. Бигзор намоиши чунин ходисахо зарурат дошта бошад, аммо коргардон мисли фокусник аст, бояд ҳар чиз дар ҷои худ истифода шавад.»

Филми «Марги бегуноҳ” шоми душанбеи 26-уми август дар толори «Кохи Ҷомӣ» дар шаҳри Душанбе манзури мухлисони синамои тоҷик гардонида шуд. Он аз ҷониби коргардонҳои тоҷик, Асланшоҳ Раҳматулло ва Юнус Юсупов руи навор омад. Киностудияи «Тоҷикфилм» шаш моҳ қабл ба наворбардории он оғоз карда буд.

"Марги бегуноҳ" рӯи парда омад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG