Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Маскав аз амалкарди мақомоти Белорус


Вазорати умури хориҷии Русия, ба нишони эътироз аз боздошти Владислав Баумгертнер, мудири ширкати “Уралкалий” дар Минск, сафири Ҷумҳурии Белорус дар Маскавро ба вазорат эҳзор кардааст. Григорий Карасин, муовини вазири умури хориҷии Русия рӯзи сешанбе гуфт, раҳо накардани Баумгертнер ба Иттиҳоди Русияву Белорус латма мезанад. Мақомоти Минск, мудири ширкати бузурги “Уралкалий”-и Русияро ба сӯистифода аз мақом муттаҳам мекунанд ва дар сурати собит шудани ин иттиҳом ӯро 10 соли зиндон интизор хоҳад буд. Владислав Баумгертнер, мудири ширкати муштараки "Белорускалий" ҳам буд, ки ҳамроҳ бо "Уралкалий" бузургтарин тавлидкунандаи нуриҳои минералӣ дар ҷаҳон буданд. Баумгертнер моҳи июл эълон кард, ки "Уралкалий" аз "Белорускалий" ҷудо мешавад. Баъди ин қимати ин навъи нурии минералӣ бисёр поин омада, боиси зарбаи сахте ба иқтисоди Ҷумҳурии Белорус шуд.
XS
SM
MD
LG