Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд аз фурӯши тротил ҷилавгирӣ карданд.


Бино ба гузоришҳо, марзбонони тоҷик ду шаҳрванди Қирғизистонро ҳангоми фурӯши 11 кило маводи таркандаи тротил боздошт кардаанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ин ду нафар дар боздоштгоҳи раёсати умури дохилии вилояти Суғд ҳастанд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Афроди муттаҳам ба қочоқи маводи таркандаро рӯзи 24 август дастгир кардаанд ва мақомоти интизомии Тоҷикистону Қирғизистон қасд доранд, сарнавишти онҳоро ба зудӣ дар як мулоқоте баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG