Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Сталин"-и ғоратгарро дар Маскав боздошт кардаанд


Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, як зодаи Тоҷикистонро дар шаҳри Маскав боздошт карданд, ки тӯъмаҳояшро аввал мадҳуш ва сипас ғорат мекард. Вазорати умури дохилии Русия рӯзи сешанбе бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ин зодаи Тоҷикистон бо лақаби “Сталин” дар назди истгоҳу фурӯшгоҳҳо бо афроди сархуш ошно шуда ва сипас онҳоро бо оби ҷави олуда ба доруи мадҳушкунанда зиёфат карда ва баъди аз ҳуш рафтанашон, онҳоро ғорат мекардааст. Ба гуфтаи вазорат, миқдори зиёди чунин дору, яке аз тӯъмаҳои фарди ғоратгарро куштааст. Ному насабу ҳуввияти фарди боздоштшударо ошкор накардаанд ва танҳо гуфтаанд, ки ӯ 27-сол дорад ва дар гузашта ҳам барои дуздӣ зиндонӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG