Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нозирони СММ таҳқиқ дар Сурияро идома медиҳанд


Қарор аст, имрӯз нозирони Созмони Милал таҳқиқи ҳамла бо аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурияро идома диҳанд. Рӯзи душанбе онҳо аз маҳалли Муаззамияи дар наздикии Димишқ намунаҳо бардоштанд, ки гуфта мешавад, дар онҷо аслиҳаи кимиёвӣ ба кор бурдаанд. Ба сӯи ин нозирон ҳангоми сафарашон ба маҳалли мазкур тир андохтаанд, вале касе аз онҳо осеб надид. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи душанбе истифодаи эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурияро “қабоҳати ахлоқӣ” номид ва гуфт, онҳое, ки бо ин навъи аслиҳа садҳо нафарро куштанд, бояд сазои амали худро бубинанд. Ӯ афзуд, ки Амрико иттилои изофие дар ин замина дорад, ки рӯзҳои наздик нашр хоҳад кард. Давлати Русия ҳушдор дод, ки ҳаргуна иқдоми низомӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия “оқибатҳои фалокатбор” хоҳад дошт ва аз Амрико хост “эҳтиёткор” бошад. Ҳукумати Русия ҳамчунин аз лағви мулоқоти дипломатҳои ду тараф, ки қарор буд, рӯзи чаҳоршанбе масъалаи Сурияро баррасӣ кунанд, ибрози таассуф кард.
XS
SM
MD
LG