Пайвандҳои дастрасӣ

Обхезӣ дар Хабаровски Русия ҳамчунон идома дорад


Сатҳи об дар рӯдхонаи Амури Русия ба ҳадди рекордии 736 сантиметр баланд шудааст ва обхезии бесобиқа ҳамчунон дар шаҳри Хабаровск идома дорад. Маркази минтақавии ҳавошиносӣ рӯзи сешанбе гуфт, бар асари боронгариҳои зиёд, сатҳи оби рӯдхонаи Амур то рӯзҳои аввали моҳи сентябр боло хоҳад рафт. Раиси шаҳри Хабаровск ҳафтаи пеш гуфт, ки дар сурати то 780 сантиметр боло рафтани сатҳи рӯдхонаи Амур, интиқоли оммавии сокинони баъзе аз ноҳияҳои шаҳр ба маконҳои амн шурӯъ хоҳад шуд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Русия то кунун бар асари обхезӣ, 100 ҳазор нафар зарар ва 9500 хона дар Амур, Хабаровск, Ёқутистон ва Вилояти Худмухтори Яҳудиён осеб дидаанд. Вячеслав Шпрот, раиси иҷрои вилояти Хабаровск гуфтааст, ки обхезии имсола, тайи 120 соли ахир мушоҳида нашуда буд, мумкин аст, як моҳ идома кунад.
XS
SM
MD
LG