Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеву Маскав бо ҷинояткорӣ мубориза мебаранд


Имрӯз ҷаласаи муштараки мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Екатерингбург бо имзои барномаи ҳамкорӣ миёни ин сохторҳо барои соли 2014 ба поён мерасад.

Он гуна, ки дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 27 август ба Радиои Озодӣ хабар дод, ин санад дурнамои фаъолиятҳои муштараки пулиси Тоҷикистон ва Русия дар заминаи кашфу баррасии ҷиноёти сангин ва ниҳоят сангин, табодули иттилооту таҷриба миёни ин сохторҳоро барои соли 2014 дар назар дорад.

Ҷилавгирӣ аз масири интиқол ва қочоқи маводи мухаддир тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан низ дар меҳвари фаъолиятҳои муштарак, миёни пулиси Тоҷикистон ва Русия қарор дорад.

Ин дар ҳоле, ки ба иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. муддати шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар чорчуби ҳамкориҳои дуҷониба миёни сохторҳои интизомии Тоҷикистон ва Русия панч амалиёти муштарак дар заминаи ҷилавгирӣ аз интиқол ва қочоқи маводи мухаддир анҷом гирифта, ки дар натиҷа беш аз 50 килограм маводи мухаддири ҳероин кашфу мусодира шудааст.

Ба ин далел дар нишасти ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия ба муборизаи оштинопазир алайҳи интиқол ва қочоқи маводи мухаддир тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан бо қотеъият таъкид гардид.

Зимнан, коллегияи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Екатерингбурги ин кишвар бо ҳузури генерал Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳошияи ин нишаст бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Екатерингбург дар корхонаи "Уралмаш" дидору гуфтугӯ кард.
XS
SM
MD
LG