Пайвандҳои дастрасӣ

Президент дар Ховарон замин тақсим кард


Субҳи рӯзи сешанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе омада, дар маросими тақсими замин ба хонаводаҳои ниёзманд ширкат кард. Дафтари матуботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз дар маҳаллаи Ховарон дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ба 800 хонавода барои сохтмони манзили шахсӣ 3 сотихӣ замин дода шуд. Қаблан ҳукумати шаҳри Душанбе барои сохтмони манзили зист дар Ховарон ба сокинони ниёзманд замин ҷудо карда буд. Тибқи нақшаи генералии маҳаллаи Ховарон солҳои наздик дар ин ҷо як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла чаҳор мактаби нав бо тамоми шароити муосир, боғчаҳои кӯдакона, биноҳои маъмуриву маишӣ, ошхонаву марказҳои тиҷоратӣ, дармонгоҳ ва монанди инҳо сохта мешавад. Дар ин минтақа зиёда аз 60 ҳазор нафар аҳолӣ аз чор ноҳияи пойтахт ҷойгир карда мешавад.
XS
SM
MD
LG