Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоун дар Қирғизистон ва тадобири пешгирӣ аз он дар Тоҷикистон


Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Тоҷикистон ба вазорати тандурустии кишвар аз хуруҷи бемории «чума» ё худ тоъун дар ҳамсоякишвари Қирғизистон гузориши расмӣ ироа кардааст.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Раёсати назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологии ин Хадамот ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ки онҳо рӯзи душанбе дар як гузориши расмӣ Вазорати тандурустии Тоҷикистонро аз хуруҷи бемории тоун дар Қирғизистон дар ҷараён гузоштаанд. Ба нақли Наврӯз Ҷаъфаров, манбаи бемории тоун ноҳияи Оқсуи Қирғизистон буда, феълан як навраси 15-сола аз ин беморӣ ҷон додааст.

Вазорати тандурустии Қирғизистон дар ноҳия Оқсу карантин ҷорӣ кардааст, ки 119 нафар, бо шумули 19 кормандони беморхонае, ки бо навраси гумонбар ба тоун сарукор доштаанд, мавриди санҷишти тиббӣ қарор дода шудаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Ҷаъфаров, «ноҳияи Оқсу дар қисми шимолу шарқии Қирғизистон воқеъ буда, бо Қазоқистону Чин ҳамсарҳад мебошад ва ин беморӣ ба Тоҷикистон таҳдид намекунад».

Дар ҳоли ҳозир натиҷаи ниҳоии марги навраси 15 сола дақиқ нашудааст, ки бар асари бемории тоун гузаштааст ва ё бо сабаби дигар. Хадамоти назорати санитарӣ ва эпидемиологии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ҳар сурат мақомоти беҳдоштии кишвар барои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли сирояти бемории тоун, омодагии ҷиддӣ мебинанд

Дар ҳамин ҳол дар Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири ин кишвар қазияи сирояти бемории кушандаи тоун ба як ҷавонро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти ҳукумат, нахуствазир амр додааст, дар маҳалли ҳодиса дар ноҳияи Оқсу корҳои безараргардонӣ ва ваксиназании сокинони маҳаллӣ шурӯъ шавад.

Хадамоти Беҳдоштии Қирғизистон рӯзи душанбе гуфт, як навраси 15-сола бар асари бемории тоун даргузаштааст ва зоҳиран манбаи беморӣ канаи сироятшуда будааст. Ҷасади ӯро баъди безараргардонӣ ба хок супурдаанд ва бештар аз 100 нафари дигар, аз ҷумла 19 корманди тиббӣ барои ташхиси иловагӣ дар карантин нигаҳ дошта мешаванд. Дар Қирғизистон аз соли 1981 то кунун, бори аввал аст, ки сирояти бемории тоун мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG