Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ гуфт, Сурия бояд подоши амалашро бубинад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, Барак Обама, раиси ҷумҳури кишвараш мехоҳад, онҳое, ки ҳафтаи гузашта дар Сурия аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода карданд, барои ин амалашон посух бигӯянд: “Бидуни шак, ба эътиқоди раиси ҷумҳур Обама, онҳое, ки шариртарин аслиҳаи дунёро алайҳи осебпазиртарин мардуми дунё истифода кардаанд, бояд подоши ин амалашонро бубинанд.” Ҷон Керрӣ дар шаҳри Вашингтон гуфт, ҳукумати Амрико иттилооти изофие, аз ҷумла наворҳои видеоӣ ва далелҳое аз маҳалли ҳамла ба даст овардааст, ки нишон медиҳад, “дар Сурия аслиҳаи кимиёӣ ба кор бурдаанд” ва ин иттилоот ҳанӯз таҳқиқ мешавад. Аммо гуфт Ҷон Керрӣ, “мо медонем, ки режими Сурия аслиҳаи кимиёвиро нигаҳбонӣ мекунад”. Рӯзи душанбе нозирони Созмони Милал, ки барои таҳқиқи маҳалли Муаззамия дар канори шаҳри Димишқ мерафтанд, ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтанд, вале касе аз онҳо осеб надид. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал гуфт, бо вуҷуди ин нозирони созмон “ду шифохонаро дида, бо шоҳидону бозмондагон ва табибон гуфтугӯ карда ва баъзе намунаҳо низ бардоштанд.” Бино ба гузоришҳо дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе дар Муаззамия бештар аз 300 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG