Пайвандҳои дастрасӣ

Фаластиниён аз музокирот даст накашидаанд


Вазорати умури хориҷии Амрико гузоришҳо дар бораи лағви музокироти сулҳи Исроилу Фаластиниёнро рад кард. Мери Ҳарф, сухангӯи вазорат рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки “тарафҳо ба музокироти ҷиддиву собит гаравидаанд.” Пештар аз ин рӯзномаи исроилии "Ҳааретз" аз қавли як мақоми баландпояи фаластиниён навишт, баъди он ки нерӯҳои Исроил дар урдӯгоҳи паноҳандагони фаластинӣ дар шимоли Байтулмуқаддас се нафари онҳоро кушта ва даҳҳо тани дигарро маҷрӯҳ карданд, фаластиниҳо аз идомаи музокироти сулҳ даст кашиданд. Пулиси Исроил мегӯяд, онҳо барои боздошти як тундрав ба урдӯгоҳи Қаландия ворид шудаанд ва дар онҷо миёни онҳову издиҳоми фаластиниён муноқиша бархостааст. Ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ, маъмурони пулиси Исроил аз аслиҳаи оташфишон истифода кардаанд. Аммо Луба Самри, сухангӯи пулиси Исроил гуфт, ки онҳо аз “абзори пароканда кардани издиҳомро” ба кор бурданд, вале талафот дар миёни фаластиниёнро таъйид накард.
XS
SM
MD
LG