Пайвандҳои дастрасӣ

Бишкек барои пешгирӣ аз бемории тоун чора меандешад


Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон, қазияи сирояти бемории кушандаи тоун ба як ҷавон дар ин кишварро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти ҳукумат, нахуствазир амр додааст, дар маҳалли ҳодиса дар ноҳияи Оқсу корҳои безараргардонӣ ва ваксиназании сокинони маҳаллӣ шурӯъ шавад. Хадамоти Беҳдоштии Қирғизистон рӯзи душанбе гуфт, як навраси 15-сола бар асари бемории тоун даргузаштааст ва зоҳиран манбаи беморӣ канаи сироятшуда будааст. Ҷасади ӯро баъди безараргардонӣ ба хок супурдаанд ва бештар аз 100 нафари дигар, аз ҷумла 19 корманди тиббӣ барои ташхиси иловагӣ дар карантин нигаҳ дошта мешаванд. Дар Қирғизистон аз соли 1981 то кунун, бори аввал аст, ки сирояти бемории тоун мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG