Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навраси қирғиз аз тоун ҳалок шудааст


Сарвазири Қирғизистон аксуламали ҳукумат ба сирояти бемории тоун дар шимоли ин кишварро таҳти назорати шахсӣ қарор додааст.

Рӯзи душанбе дафтари матбуотии ҳукумати Қирғизистон гуфт, бо фармони сарвазири кишвар Ҷанторо Сотиболдиев эмгузаронӣ ва муоинаи сокинони ноҳияи Оқ Суу ҷараён дорад.

Маркази назорати санитарии Қирғизистон изҳор намуд, ки рӯзи ҷумъа дар ин ноҳия як навраси 15-сола аз тоун ҳалок шуд. Табибон тахмин мекунанд, ки ин наврасро кайки бемор газида буд.

Маркази ҷилавгирӣ аз сирояти бемориҳои Қирғизистон тахминан 100 нафар ва аз ҷумла 19 ходими тиббиро барои тафтиш дар бемористони хос ҷой додааст.

Охирин дафъа дар Қирғизистон дар соли 1981 марги инсон аз бемории тоун ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG