Пайвандҳои дастрасӣ

Хавфи обхезии Хабаровск аз байн нарафтааст


Russia--Khabarovsk.streets 11

Russia--Khabarovsk.streets 11

Боронҳои пай дар пай Шарқи дури Русияро бо обхезиҳои бештар мувоҷеҳ кардаанд.

Сатҳи оби рӯди Амур дар наздикиҳои шаҳри Хабаровски Русия аз мизони муқаррарӣ 730 сантиметр боло рафтааст.

Ҳафтаи гузашта мири шаҳри Хабаровск гуфта буд, ки кӯчбандии дастаҷамъии сокинон замоне оғоз меёбад, ки саҳи рӯди Амур 780 сантиметр боло равад.

Рӯзҳои ахир ҳазорҳо сокини баъзе манотиқи Хабаровск ва вилояти автономии яҳудии Русия, ки дар соҳили рӯди Амур ҷойгир мебошанд, ба ҷойҳои амн интиқол ёфтаанд.

Обхезии ахир, ки ҳаёти камаш 50 ҳазор нафарро бо душвориҳо мувоҷеҳ кардааст, бузургтарин мусибати табиии Шарқи дури Русия дар 120 соли гузашта аст.
XS
SM
MD
LG