Пайвандҳои дастрасӣ

Нороҳатии Қирғизистон аз рафтори дипломати узбак


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар иртибот бо як садама, ки дар он ходими сафорати Узбакистон иштирок доштааст, ба Тошканд нота ё худ паёми эътирозӣ фиристод.

Дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мегӯяд, шаби ҷумъа дар наздикии яке аз тарабхонаҳои шаҳри Бишкек мошине бо рақамҳои дипломатии сафорати Узбакистон бо мошини як сокини маҳаллӣ бархӯрдааст.

Вазорат иброз доштааст, ки баъди ҳодиса котиби аввали сафорати Узбакистон М.Хайриддинов ва ҳамроҳони ӯ ронандаи қирғизро таҳқир кардаанд.

Сафорати Узбакистон то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодааст.
XS
SM
MD
LG