Пайвандҳои дастрасӣ

Хушунат дар урдугоҳи фаластиниён


Мансабдорони фаластинӣ ва табибон мегӯянд, дар урдугоҳи шимоли Байтулмуқаддас нерӯҳои амниятии Исроил як фаластиниро ба ҳалокат расондаанд.

Полиси Исроил иброз доштааст, ки рӯзи душанбе ба хотири ҳабси як фаластинии муттаҳам бо ҷангҷӯӣ вориди урдугоҳи Қаландия шуд, вале дар рафти ин амалиёт бархӯрд бо издиҳоми фаластинӣ ба вуқӯъ пайваст.

Мансабдорони фаластинӣ мегӯянд, ки Исроил аз силоҳи кушанда истифода бурда, даҳҳо нафарро маҷрӯҳ кардааст.

Сухангӯи полиси Исроил Микӣ Розенберг изҳор намуд, ки афсарони полисро издиҳоми иборат аз тахминан якуним ҳазор фаластинӣ бо сангу зарфҳои саршор аз маводи сӯхт пешвоз гирифт.

Ба қавли Розенфелд афсари полиси Исроил ҷароҳат бардоштаанд. Афсари дигари дафтари матбуотии полиси Исроил хонум Луба Самрӣ гуфт, ки полис фақат аз таҷҳизоте кор гирифтааст, ки барои пароканда намудани хушунат истифода мешавад.

Ҳамчунон ӯ талафоти ҷонӣ дар ин амалиётро тасдиқ накард.
XS
SM
MD
LG