Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия ба зиёрати СММ аз макони ҳамла иҷозат дод


 Кӯдаки суриягӣ дар макони ҳамлаи рӯзи чоршанбе
Кӯдаки суриягӣ дар макони ҳамлаи рӯзи чоршанбе
Рӯзи душанбе ҳайати коршиносони аслиҳаи СММ аз макони ҳамлаи эҳтимолӣ бо силоҳи кимиёӣ, воқеъ дар яке аз канораҳои шаҳри Димашқ, зиёрат мекунад.

Рӯзи якшанбе Сурия иҷозат дод, ки муфаттишони СММ ба ин минтақа сафар кунанд. Як мақоми баландпояи Қасри Сафед мегӯяд, мувофиқати Димашқ хеле дер ба даст омад ва қобили эътимод нест.

Ин мансабдор меафзояд, ИМА “тақрибан ҳеҷ шубҳа надорад”, ки президенти Сурия Башор ал-Асад аз силоҳи кимёӣ истифода бурдааст.

Дар як мусоҳиба бо рӯзномаи “Известия”, чопи Маскав, Башор ал-Асад айбномаи истифода аз силоҳи кимиёиро беасос номида, афзудааст, ки он ҳадафҳои сиёсӣ дорад.

Ба қавли президенти Сурия ҳар гуна таҷовузи низомии ИМА ноком хоҳад шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва Созмони табибони бидуни марз мегӯянд, ҳамлаи рӯзи чоршанбе, ки дар он эҳтимолан силоҳи кимиёӣ истифода шудааст, ҳаёти беш аз 300 нафарро аз байн бурд.
XS
SM
MD
LG