Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи маҳбусони Хуҷанд дар СИЗО мегузарад


Додгоҳи вилояти Суғд раиси мурофиаи додгоҳии маҳбусони зиндони Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро таъин кард ва мурофиа дар СИЗО-и маҳбаси Хуҷанд хоҳад гузашт.

Абубакр Қулматов, яке аз вакилони мудофеи Сунатулло Ризоев рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи вилояти Суғд раиси нави мурофиаи додгоҳии зерҳимояи вайро, ки ин мурофиа дар СИЗОи маҳбаси Хуҷанд идома дорад, таъин кард ва додраси Додгоҳи Хуҷанд Улуғбек Мустафоқуловро таъин кард.

Абубакр Қулматов афзуд, «Улуғбек Мустфоқулов низ сарфи назар аз хоҳишҳои мо, ки мурофиа дар толори додгоҳи Хуҷанд баргузор карда шавад, имрӯз мурофиаро дар СИЗО-и маҳбси Хуҷанд идома медиҳад»

Бо додраси Додгоҳи вилояти Бадахшон таъин шудани Мусулмон Шарифов, раиси мурофиаи парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, дар авоили моҳи август, ҷараёни мурофиаи мазкур боздошта шуда буд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи феврали соли равон алайҳи ду маҳбуси зиндони Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, барои "пахши баёноти барқасдонаи дурӯғин" ва "пахши хабаре, ки кори муассисаҳои ислоҳотиро бенизом мекунад" айбдор дониста шуда, парванда боз карда буд.

Ин парванда вақте боз шуд, ки як навори тақрибан 1-соатаи видеоӣ, ки дар он маҳбусон бо навбат назди дурбин меоянд ва пас аз шиносонидани худ, пайи зарбаҳоро дар бадани худ нишон медиҳанд. Ин навор дар моҳи декабр ба расонаҳои ахбори ом дастрас гашт ва сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард.

Дар ҳамин ҳол вакилони дифои Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев ба Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ариза пешниҳод карданд, ки мурофиаи додгоҳии зерҳимояашон ба таври кушода ва дар бинои додгоҳ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG