Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот: "Ҳеҷ гумонбар барои куштори Исфара дастгир нашудааст"


Мақомоти тоҷик хабари расонаҳои қирғизӣ дар мавриди боздошти як гумонбар дар ҳодисаи куштори хонаводаи исфарагиро беасос медонанд.

Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯяд, ки аз рӯзи рух додани ҳодисаи куштори хонаводаи Абдуқаҳҳор Ҳаллоқов дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, то ҳол ҳеҷ нафаре дар ин ҳодиса айбдор дониста нашудааст ва ҳеҷ нафарро боздошт накардаанд.

Шариф Назаров, раҳбари Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 26-уми август дар тамос бо Радиои Озодӣ, хабари расонаҳои Қирғизистонро дар хусуси ин, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари куштори як хонавода дар Исфара боздошт шудааст, рад кард ва беасос шуморид.

Генерал Назаров афзуд, ки аз рӯзи рух додани ин ҳодиса танҳо чанд нафар ҳамчун шоҳид ҳам аз тарафи Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Қирғизистон боздошт шуда, пас аз пурсиш раҳо карда шуданд, вале ҳамчун гумонбар ҳанӯз ҳеҷ нафаре дастгир нашудааст, на шаҳрванди Тоҷикистон ва на шаҳрванди Қирғизистон: «Шоҳидони ҷониби Тоҷикитсонро мо мавриди пурсиш қарор медиҳем ва қирғизҳоро мақомоти Қирғизистон мепурсанд».

Вай афзуд, ки барои ошкор кардани ин ҳодиса мақомоти амниятӣ ва умури дохилаи Тоҷикистону Қирғизистон муштаракан тафтиш бурда истодаанд.

Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, иттилоъ дода буд, гурӯҳи мусаллаҳи номаълум хонаводаи Абдуқаҳҳор Ҳаллоқовро дар соати 3-и шаби 19 ба 20 август ба ҳалокат расонд. Ин хонавода муваққатан дар хоҷагии деҳқонии №5, ҷамоати деҳоти «Чоркуҳ»-и ноҳияи Исфара кор ва зиндагӣ доштанд.

Қурбониён Абдуқаҳҳор Халлоқов, соли таваллудаш 1952, ҳамсараш Халлоқова Мӯҳтарама, соли таваллудаш 1953, духтараш Мамадҷонова Гулчеҳра Бобоевна, соли таваллудаш 1975, ки бо писараш, қурбонии чорум - Халлоқов Иноятулло соли таваллудаш 2000 ба меҳмонӣ омада буд, ҳамагӣ сокини ҷамоати деҳоти «Чоркуҳ» - и Исфара мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG