Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари ҷабрдида: Пулису додситон таҳдид карданд, ки ҳақҷӯӣ накунам


Абдукарим Ҷумъаев, сокини деҳаи Ҳанатароши ноҳияи Муъминобод, падари ҷабрдида.
Абдукарим Ҷумъаев, сокини деҳаи Ҳанатароши ноҳияи Муъминобод, падари ҷабрдида.

Додситон ва сардори пулиси ноҳияи Мӯъминобод ба як сокини ин ноҳия таҳдид кардаанд, то аз ҳимояи ҳуқуқҳои фарзандаш даст кашад.

Фарзанди 23 солаи Абдукарим Ҷумъаев, сокини деҳаи Ҳанатароши ин ноҳияро дар моҳи апрели соли равон ду сокини дигар, ки аз фарзандони афроди мансабдор ва сарватманд дониста мешаванд, лату куб мекунанд. Ҷумъаев мегӯяд, ӯ барои беҳ сохтани зиндагиаш дар Русия қарор дошт ва барояш хабар доданд, ки фарзандаш бе ёду ҳӯш дар беморхона бистарист.

Ӯ гуфт: «Бо мошини ЗИЛ писарам санг мекашид. Ҳангоми гузаштан ин ду нафар мошинашро бозмедоранд, ки чаро чангбод мекунӣ. Дар кадом деҳа мошин мегузараду чанг намешавад? Ӯро аз мошин поён карда, лату куб мекунад ва дар роҳ партофта мераванд. Инро чанд шоҳид ҳам ба ман тасдиқ мекунад, ки ин ду нафар фарзандатро дар сару рӯяш заданд ва вақте аз ҳуш рафт, гурехтанд. Дар ҳақиқат омада, парванда карданд, аммо яке аз ин гумонбарон ба нохост ғайб зад ва номаш дигар дар парванда ҳамчун шахси фарзанди маро латукуб карда нест. Нафари дуюм ҳаст, вале нисбат ба ӯ бо моддаи 118, яъне аз беэҳтиёти содир шудани чунин ҳолат парванда кардаанд, ки ин ба ягон мантиқ рост намеояд. »

Ин мард мегӯяд, аз додситон хоҳиш кард, то моддаи парвандаро иваз кунад ва нафари дигарро ҳам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кунанд, аммо додситони Мӯъминобод бо сардори пулиси ноҳия вайро ба коргоҳашон даъват карда, таҳдид кардаан, ки дигар даъво накунад, вагарна алайҳӣ худаш парванда боз мекунанд.

Ҷумъаев афзуд: «Фикр мекунам, ки онҳо манфиатдоранд, ки кор ба манфиати гумонбарон дар ҷиноят ҳал шавад. Зеро падарони гумонбарон дар назди ман, дар ҳузури шоҳидон гуфтанд, ки ба прокурор ва милиса 8 ҳазор доллар додаанд ва лозим шавад боз пул медиҳанд ва фарзандашонро аз ҷавобгарӣ озод мекунанд. Ин суханҳои онҳоро ман дар телефони мобилиам сабт кардам. Аз рӯи рафтори онҳо ва гурехта рафтани як гумонбар ва дигар шудани моддаи парванда, ман ба пора гирифтани прокурор ва сардори милисса бовар мекунам.»

Меҳрубон Наҷотов, фарзанди ин мард, ки ҳоло берабт сӯҳбат мекунад, мегӯяд, ҳангоми ҳодиса танҳо ҳаминро ёд дорад, ки бо ишораи он ду нафар аз мошин поён шуд ва танҳо пас аз чанде чашмонашро дар бемористон боз кардааст: «Ҳоло ҳам аҳволам хуб нест. Сарам сахт дард мекунад. Ёд надорам, ки маро ба чӣ заданд. Аз мошин бо ишораи онҳо фаромаданам дар ёдам ҳаст. Баъдан шоҳидон нақл карданд, ки маро он ду нафар фаромадан баробар дар сарам заданд. Милиссаҳо омаданд ва аризаамро гирифтанд.»

Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили дифоъ дар ин парванда мегӯяд, парвандаи ҷиноятӣ якҷониба боз шудааст. Ин вакили дифоъ гуфт: «Худи нишондоди ҷабрдидаро нагирифта, баёноти шоҳидонро нагирифта, бо моддаи 118 бандубаст кардаанд, ки ин ғайриқонунӣ ҳаст. Тафтишоти пешакӣ бояд инро ба назар мегирифт. Фақат ин ҷо шоҳидони манфиатдорро пурисдаанд, ки ҳама якхела шоҳиди додаанд, ки ин сохтакорӣ будани парвандаро нишон медиҳад. Дигар ин, ки дар ин кор се муфаттиш иваз шуд ва ҳоло муфаттише ин корро пеш мебарад, ки тибқи қонун бояд шоҳид бошад. Зеро ҳангоми сар задани ҷиноят ин муфаттиш ҳамчун нозири минтақавӣ дар ин маҳалла фаъолият дошт.»

Ҳоло вакили дифоъ ва падари ҷабрдида аз болои додситони Мӯъминобод ба додситонии минтақаи Кӯлоб шикоят кардаанд. Талоши мо барои сӯҳбат бо додситони Мӯъминобод ва сардори пулис, ки оё ба ин падар таҳдид кардаанд, ё на, бе натиҷа анҷом ёфт.

Аммо як наздики он ду нафаре, ки дар лату куби фарзанди Абдукарим Ҷумъаев гумонбар дониста мешаванд, бидуни бурдани номаш гуфт, ки худи ин ҷавон дар хурдӣ афтода маъюб будааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ду нафар мехоҳанд, ӯро фаҳмонанд, ки дар дохили деҳа мошини боркашро тез наронад, вале Меҳрубон ба ҳарфашон гӯш намекунад, ки бо каме ҷанҷол аз ҳӯш меравад.

Аммо падари ин ҷавон талош дорад, то қазияи писараш беғараз тафтиш шавад ва гумонбарон дар лату куби ӯ ҷазои сазовор бигиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯро ахиран «таҳдид аз ҷониби прокурор ва сардори милиссаи ноҳия» нигарон кардааст.
XS
SM
MD
LG