Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Ҳуснӣ Муборак то 14 сентябр ба таъхир афтод


Ҳуснӣ Муборак
Ҳуснӣ Муборак
Қарор буд рӯзи якшанбе мурофиаҳои алоҳидаи додгоҳии Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури пешини Миср ва 3 раҳбари гурӯҳи Ихвонулмуслимин Муҳаммад Бадеъ-раҳбари аслии Ихвонулмуслимин ва ду муовинаш Хайрат Шотир ва Рашод Байумӣ баргузор шавад. Вале мурофиаи Муборак то 14 сентябр ба таъхир афтод. Парвандаи вай ба кушторҳо дар ҷараёни эътирозҳои солҳои 2011-2013 иртибот дорад.

Муборак барои он дубора ба додгоҳ кашонда мешавад, ки натавонистааст дар соли 2011 аз куштори 800 нафар пешигрӣ кунад. Се рӯз пеш Ҳуснӣ Муборак аз боздошт раҳо ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.

Аммо мурофиаи дигар, ки ба раҳбарони Ихвонулмуслимин иртибот дорад, то охири моҳи октябр ба таъхир афтод. Ин се нафар барои хушунатҳои маргбори алайҳи эътирозгарони зидди исломӣ гунаҳгор дониста мешавад. Ин эътирозҳо қабл аз сарнагунии Муҳаммад Мурсӣ баргузор шуда буд. Мурсиро дар аввалҳои моҳи июл нируҳои артиш аз мақом барканор карданд.
XS
SM
MD
LG