Пайвандҳои дастрасӣ

Сармоядори эроние ки дар Тоҷикистон ҳанӯз "пинҳон" мондааст?


Бобак Занҷонӣ, тоҷири эронӣ.

Бобак Занҷонӣ, тоҷири эронӣ.

Оҷонсии хабарии ИПС ё IPS- Inter Press Service маводеро дар бораи ширкати миллиардери эронӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам фаъолият мекунад, нашр кардааст.

Ба навиштаи ин оҷонсӣ Бобак Занҷонӣ, сармоядори эронӣ, ки ахиран нисбати ширкатҳои ӯ аз ҷониби Амрико таҳрим эълон шуд, дар Тоҷикистон бемамоният дигар ширкатҳои худро ба роҳ мода фаъолият дорад. Аз ҷумла гуфта шудааст ин сарватманди эронӣ дар Тоҷикистон фаъолияти бонкӣ, ширкати ҳавпаймоӣ, хизматрасонии таксӣ ва терминали автобус доштааст. Аз ин ҷиҳат оҷонсии ИПС робитаи ин тоҷири эрониро ба мансабдорони сатҳи болоии Тоҷикистон ба ҳақиқат наздик медонад.

Ба навиштаи ин оҷонсии хабарӣ, ширкати марбут ба Бобак Занҷонӣ, ки мақараш дар Иморати Мутаҳидаи Араб аст ва бо номи Sorinet Group, низ ном бурда мешавад, дар сомонаи худ ширкатеро номбар кардааст, ки Asia Express Terminal ном дошта дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Вале масъулини «Kont Investment Bank» қаблан мегуфтанд, бонки онҳо муассиси ширкатҳое, чун «Asian Express Airline», «Asian Express” нест ва танҳо ин ширкатҳо маоши ходимони худро аз тариқи «Kont Investment Bank» ба кортҳои бонкии онҳо интиқол медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки раёсати назорат ба сармояҳои хориҷӣ дар назди Вазорати молияи Амрико дороиҳои шаш ширкат ва як нафарро дар робита ба дастури раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз гардиш нигоҳ дошт, ки якеаш ҳамин Kont Investment Bank буд, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва Sorinet Group ин бонкро ба Бобак Занҷонӣ нисбат медиҳад.

Ин таҳрим дар чаҳорчӯби чораҳои зидди барномаи ҳастаии Эрон ҷорӣ шуда буд ва бо сабаби даромади ширкати «Asian Express Airline» - и Тоҷикистон ба Эрон интиқол ёфтан ин ширкат ҳам мавриди таҳрим қарор гирифт. Ширкати «Asian Express Airline» соли 2007 дар Тоҷикистон сабти ном шуд, аммо то ҳол ҳавопаймоҳои худро ба само баланд накардааст.

Ба ғайр аз «Asian Express Airline» боз ду ширкат - Kont Building ва Kont Trading ва ҳамчунин Kont Bank дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки низ ба Бобак Занҷонӣ, як соҳибкори иронӣ тааллуқ доранд.

Аммо як масъули «Asian Express Airline», ки нахост, номаш ошкор шавад, гуфта буд, ин ширкат рабте ба хориҷа надорад: «Ба ягон ширкат ё соҳибкори хориҷӣ тааллуқ надорад. Ин ширкати Тоҷикистон аст. Ба ягон ширкати дохилу беруни Тоҷикистон рабте надорад. Овозаҳо дар ин маврид ҳам беасосанд.»

Аммо оҷонсии ИПС ё IPS- Inter Press Service ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷониро ба нашр расонд, ки чандтои он дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дорад ва ҳангоми ифтитоҳи баъзе аз намояндагиҳо вуҷуд доштани аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо Бобак Занҷониро ҳам таъид кардааст.

Зимнан, ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон аз соли 2007 ба ин сӯ сабти ном шуда, ҳамчунин Терминали автобусҳои Душанбе (Dushanbe Bus Terminal) ва Маркази тиҷоратии Душанбе (Dushanbe City Center) аз тарҳҳои онҳо ба шумор меоянд.

Сару садои пуштибонии афроди баландпояи Тоҷикистон аз ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷонӣ вуҷуд доранд, ки то ба ҳол расман тасдиқ нашудаанд. Аммо парлумони Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ширкати “Asian Express Airline” – ро ба хотири ворид ва мавриди истифода қарор додани таксиву мусофиркашонҳои байнишаҳрӣ, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод кард, ки дар маҷмӯъ солона 6 миллион сомонӣ, ё бештар 1 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ба қавли масъулони ширкатҳо, Asian Express Airline, Kont Building, Kont Trading ва Kont Bank дар як ҳолдинги бузурги мавсум ба "Конт-групп" муттаҳид шудаанд. Ба қавли коршиносон, ин ҳолдинг ҳам як падидаи ҷадид дар қатори он силсилаширкатҳое, назири таҳти назорати «Ориёнбонк» мебошад, ки бахши умдае аз иқтисоди Тоҷикистонро дар даст доранд.

Рӯзномаи New York Times навиштааст, Муртазо Бобак Занҷонӣ раҳбари беш аз 60 ширкат аст, ки зери номи Sorinet Group муттаҳид шудаанд ва дафтари марказияш дар Иморати Муттаҳидаи Араб ҷойгир аст. Бар пояи иттилоъ дар Интернет, Бобак Занҷонӣ зодаи Теҳрон, аммо табааи Дания аст ва ширкатҳояш ба ҷуз Аморати Муттаҳидаи Араба ҳамчунин дар Туркия, Эрон ва Тоҷикистон фаъолият доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG