Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пойтахти Яман ба автобуси нируҳои ҳавоӣ ҳамла карданд


Пулис мошинҳоро тафтиш мекунад
Пулис мошинҳоро тафтиш мекунад
Бино ба гузоришҳои расида аз Яман, дар як ҳамлаи маргҷӯёна дар шаҳри Санъо чанд нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Дар ин ҳамла автобусеро ҳадаф қарор додаанд, ки кормандони нируҳои ҳавоиро интиқол медод. Дар бораи шумораи кушташудагон мақомот аз маҳали ҳодиса маълумоти зиддунақиз пахш карданд. Тибқи малумоти онҳо дар гузоришҳо шумораи кушташудагон аз 1 то 6 нафар ва шумораи захмиҳо тақрибан 20 нафар нишон дода шудааст.

Ҳукумати Яман, ки аз сӯи Амрико ҳимоят мешавад, гаҳ-гоҳе мавриди ҳамлаи тундгароёни исломӣ қарор мегирад. Ҳукумати Яман ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико ба ин тундгароёнро ҷонибдорӣ мекунад.

Яман пойгоҳи Ал Қоида дар нимҷазираи Араб ба шумор меравад. Амрико ин гурӯҳро яке аз хатарноктарин гурӯҳҳо дар ҷаҳон арзёбӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG