Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саломатии Нелсон Мандела якзайл вазнин боқӣ мемонад


Нелсон Мандела
Нелсон Мандела
Вазъи саломатии Нелсон Мандела-раиси ҷумҳури пешини Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ , ки дар аввалҳои моҳи июн дар шифохона бистарӣ шуд, ҳамчунин вазнин боқӣ мемонад. Дар ин бора рӯзи шанбе дафтари Ҷейкоб Зума-раиси ҷумҳури кунунии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ хабар дод. Бино ба ин хабар, бо кӯмаки дору саломатии Мандела якзайл нигоҳ дошта мешавад, вале гаҳ-гоҳе душвориҳо пеш меояд.

Нелсон Манделла-барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел 95 сол дорад ва вайро самбули зиндаи мубориза бо аппартеид медонанд. Вай 8 июн дар Претория ба бемористон интиқол дода шуд ва аз бемории шуш муолиҷа мегирад.
XS
SM
MD
LG