Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини КМО-и Гурҷистонро бозпурсӣ карданд


Гия Нацвилашвили-раиси пешини Кумитаи Миллии Олимпии Гурҷистон ва намояндаи пешини порламони ин кишвар барои моли худ кардани 2 миллион доллар аз будҷаи давлатӣ гунаҳгор дониста мешавад. Чунин иттиҳомот бар зидди соҳибкор Заза Капанадзе низ эълон шудааст.

Рӯзи шанбе Нацвилашвилиро Хадамоти бозрасии вазорати молияи Гурҷистон бозпурсӣ кард. Бино ба гуфтаи Мамуки Джанашвили-вакили мудофеъи Нацвилашвили зерҳимояташ ин иттиҳомотро қабул надорад ва онро бепоя мехонад.

Гурӯҳи тафтишот мегӯяд, ки Нацвилашвили ва Капанадзе аз соли 2009 то соли 2012 маблағҳои будҷаро, ки барои як силсила тарҳҳои варзишӣ дар назар гирифта шуда буд, моли худ кардаанд. Баъд аз бозпурсӣ Нацвилашвилиро ба хонааш ҷавоб додаанд.
XS
SM
MD
LG