Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи такрории Муборак ва раҳбарони Ихвонулмуслимин


Ҳуснӣ Муборак
Ҳуснӣ Муборак
Рӯзи якшанбе мурофиаи алоҳидаи додгоҳии Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури пешини Миср ва 3 раҳбари гурӯҳи Ихвонулмуслимин баргузор мешавад. Муҳаммад Бадеъ-раҳбари аслии Ихвонулмуслимин ва ду муовинаш Хайрат Шотир ва Рашод Байумӣ барои хушунатҳои маргбори алайҳи эътирозгарони зидди исломӣ гунаҳгор дониста мешавад. Ин эътирозҳо қабл аз сарнагунии Муҳаммад Мурсӣ баргузор шуда буд. Мурсиро дар аввалҳои моҳи июл нируҳои артиш аз мақом барканор карданд.

Ҳукумате, ки аз он низомиён ҳимоят мекунанд, Ихвонулмуслиминро барои хушунату терроризм ва эътирозҳо барои барқарор кардани Мурсӣ дар мақоми худ муттаҳам медонад.

Ба нақша гирифта шудааст, ки мурофиаи дубораи Муборак дар Қоҳира дар робита бо қатли эътирозгарон дар ҷараёни тазоҳуроти соли 2011 сурат бигирад. Дар натиҷаи ин эътирозҳо Муборак аз мақом дур шуда буд.
XS
SM
MD
LG