Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Камерон имкони посух ба ҳамлаи газиро баррасӣ карданд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва Дэвид Камерон-нахуствазири Британия мегӯянд, ки онҳо аз иддао дар бораи истифодаи аслиҳаи кимёӣ бар зидди аҳолӣ дар Сурия “шадидан нигарон” ҳастанд ва имкони посух ба ин амалро баррасӣ мекунанд.

Обама рӯзи шанбе бо мушовирони боломақоми худ мулоқот кард ва ҳамзамон телефонӣ бо Дэвид Камерон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар эъломияи Британия омадааст, Обама ва Камерон аз “нишонаҳои ҳар чӣ бештар”-и истифодаи аслиҳаи кимёӣ дар ҳамлаи 21 август аз тарафи нируҳои режими Сурия нигаронанд.

Амрико мегӯяд, ки бозрасӣ ба ин ҳодиса идома дорад. Ҳукумати Сурия мегӯяд, ки аз гази заҳрогин истифода накардааст ва барои ин кор нируҳои шӯриширо гунаҳгор медонад.

Созмони Пизишкони Бидуни Марз мегӯяд, шифохонаҳои наздикии Димишқ аз марги 355 нафар гузориш додаанд ва 3 600 нафари дигар аз газ масмум шудаанд.
XS
SM
MD
LG