Пайвандҳои дастрасӣ

Қотилони ронанда дастгир шудаанд


Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ду нафарро бо гумони ғорат ва қатли марди 51 сола дастгир кардаанд.

Аз вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки Абдураҳим Ҳасанови 31 сола ва Нуриддин Ҷумаеви 21 сола ҳарду сокинони шаҳри Хуҷанд рўзи 22-август ба мошини Маҳмадзоиршо Нурови 51 сола, сокини шаҳри Душанбе аз шаҳри Хуҷанд нишаста ба шаҳри Истаравшан меоянд.

Ба гуфти манбаъ дар ҳудуди шаҳри Истаравшан онҳо Маҳмадзоиршо Нуровро бо 11 зарбаи корд дар дохили нақлиёташ ба ҳалокат расонида, ҷасадро оварда, дар заминҳои деҳаи Лакат мепартоянд ва нақлиёти ўро гирифта, бо тарафи номаълум ғайб мезананд. Гуфта мешавад Маҳмадзоиршо Нуров мошини тамғаи «Опел»-ро нав аз шаҳри Хуҷанд харида буд.

Тибқи иттилои вазорати умури дохилӣ дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ рӯзи 24-уми август ин ду нафар аз ҷониби кормандони полиси вилояти Суғд дастгир карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG