Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон аз "кӯмакҳои обӣ"-и Тоҷикистон тааҷҷуб кардааст


Обанбори Норак
Обанбори Норак

Бино ба гузориши хабаргузории ИНТЕРФАКС-и Русия, дар Ашқобод аз изҳороти ахири мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора, ки гӯё Тоҷикистон ба Туркманистон бо “об” кӯмак кардааст, нигарон шудаанд.

Дар хабари вазорати корҳои хориҷаи Туркманистон омадааст, “ахиран дар матбуоти Тоҷикистон хабаре ба нашр расидааст ва дар он гуфта мешавад, ки дар нишасти хабарии конфронси байналмиллаии ҳамкориҳо дар соҳаи об Оқил Оқилов-нахуствазири Тоҷикистон хабар додааст, ки соли ҷорӣ барои кӯмак дар обёрии зироатҳои кишоварзии Туркманистон Тоҷикистон аз обанбори Норак берун аз агрегат обро раҳо кардааст”.

Вазорати корҳои хориҷаи Туркманистон бо такя ба маълумоти вазорати обу обёрии худ изҳор доштааст, ки ҷониби Туркманистон барои берун аз агрегат раҳо кардани оби иловагӣ аз обанбори Норак ба Тоҷикистон дархосте нафиристодааст.

Дар вазорати корҳои хориҷаи Туркманистон ҳамчунин гуфта мешавад, ки “ҳосили зироатҳои кишварзӣ бо назардошти шароити кунунии камобӣ ва босамар истифода кардани захираҳои об ба даст омадааст”.

Дар идомаи изҳорот омадааст, “ҷониби Туркманистон дар робита бо ин гуфтаҳо ҷиддан изҳори нофаҳмӣ ва нигаронӣ мекунад ва ин гуфтаҳоро комилан якҷониба ва ғайриқобили қабул медонад”.

Абулфайз Атоев-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон
Абулфайз Атоев-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон
Дар вокуниш ба ин изҳорот Абулфайз Атоев-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистону Туркманистон дар марҳилаҳои душвор ба якдигар кӯмак кардаанд. Ба хусус Туркманистон дар гузаштаҳо дар фасли сармо ба мардуми Тоҷикистон барқ додааст.

Тоҷикистон аз ин кишвар маводи сӯхт мегирад. Бо назардошти чунин ҳамкориҳо, нахуствазири Тоҷикистон дар нишасти хабарии конфронси байналмиллалии об дар Душанбе изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ Туркманистон ва кишварҳои дигари поёнобро беоб нагузоштааст ва дар оянда низ беоб нахоҳад гузошт.

Вале он чӣ ба хабари матбуоти Тоҷикистон иртибот дорад, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки дар навиштаи матбуот суханони нахуствазири Тоҷикистон дар ин бора дақиқ ва пурра инъикос наёфтааст, ба ин далел суханони вай маънои дигар пайдо кардааст.
XS
SM
MD
LG