Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 23-юми август бозиҳои аввали даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 оид ба футбол баргузор шуданд.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ барои Ҷоми футболи кишвар 10 дастаи лигаи олӣ ва 6 дастаи лигаи аввал мубориза мебаранд.Натоиҷи бозиҳо чунинанд:

Ҷоми Тоҷикистон - 2013
1/8 финал

Бозиҳои аввал. 23-юми август, ҷумъа.
ССКА «Помир» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
Гол: Раҳмоналиев

«Нури Норак» (Норак) - «Энергетик» (Душанбе) – 0:3
Голҳо: Алия Силла, Феликс Бафое (2)

«Зарафшон» (Панҷакент) - «Эсхата» (Хуҷанд) - 0:1

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Хайр» (Ваҳдат) - 1:2
Голҳо: Умедҷон Шарифов – Милод, Баҳодур Шарифов.

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) - «Равшан» (Кӯлоб)-1:1
Голҳо: Аъзам Ҳусейнов – Чарлз Тико.

24-уми август, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.00
«Бохтар» (Бохтар) - «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров)
«Истаравшан» (Истаравшан) - «Кӯктош+С» (Рӯдакӣ)
«Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Истиқлол» (Душанбе)

Бозиҳои ҷавобӣ 27-28-уми август доир хоҳанд шуд. Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013, ки рӯзи 5-уми октябр дар бозии ниҳоӣ маълум мешавад, ҳуқуқ пайдо мекунад Тоҷикистонро соли 2014-ум дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) намояндагӣ кунад.

Бозиҳои ҷавобӣ. 27-уми август, сешанбе. Оғози бозиҳо – соати 16.30

«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир»
«Энергетик» - «Нури Норак»
«Эсхата» - «Зарафшон»
«Хайр» - «Вахш»
«Равшан» - «Далерон-Ӯротеппа»

28-уми август, чоршанбе. Оғози бозиҳо – соати 16.30
«Парвоз» - «Бохтар»
«Кӯктош+С» - «Истаравшан»
«Истиқлол» - «Хуҷанд»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG