Пайвандҳои дастрасӣ

Таиланд хостори парвозҳои бештар бо Осиёи Миёна шуд


Шинаватра ва Раҳмон

Шинаватра ва Раҳмон

Таиланд ба нақша гирифтааст, ки парвозҳо ба кишварҳои Осиёи Миёнаро бештар кунад ва бад-ин тариқ тиҷорат ва ҷаҳонгардиро бо ин минтақа ривоҷ диҳад. Дар ин бора рӯзи шанбе Йинглук Шинаватра-нахуствазири ин кишвар дар барномаи телевизионии NBT сӯҳбат кард.

Дар ин барнома, ки “Ҳукумати Йинглук бо мардум мулоқот мекунад” ном дорад, нахуствазир дар бораи боздиди расмии ҳафтаи гузаштаи худ аз Тоҷикистон сӯҳбат кард. Вай гуфт, ин кишвари Осиёи Миёна ба Таиланд бо машваратҳои худ кӯмак мекунад, ки нооромиҳо дар Ҷунуби дар ҳал шавад.

Ҳафтае, ки гузашт, нахуствазири Таиланд дар конфронси байналмиллалии ҳамкориҳо дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе ширкат ва бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.

Нахуствазири Таиланд гуфт, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷрибаи кишвараш роҷеъ ба истифодаи захираҳои об гуфтугӯ кардааст.
XS
SM
MD
LG