Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ истифода аз аслиҳаи кимёӣ дар Сурияро маҳкум кард


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон бори аввал ба таври ошкоро эътироф кард, ки дар Сурия мардум аз аслиҳаи кимёӣ кушта шудаанд. Хабаргузориҳои Теҳрон рӯзи шанбе аз қавли Рӯҳонӣ навиштанд, ки Теҳрон “комилан ва ҷиддӣ” истифода аз аслиҳаи кимёиро маҳкум мекунад.

Аммо Рӯҳонӣ нагуфтааст, ки чӣ касоне аз чунин аслиҳа истифода кардаанд. Вазорати корҳои хориҷаи Эрон гуфтааст, чунин ҳамлаҳо собит сохтаанд, ки онро шӯришиён анҷом медиҳанд.

Нируҳои мухолифони Сурия тахмин мезананд, ки дар ҳамлаи кимёии рӯзи чаҳоршанбе дар наздикии Димишқ аз 500 то 1 300 нафар кушта шудаанд. Мухолифон барои ин ҳамла ҳукматро гунаҳгор медонанд. Аммо ҳукумат инкор мекунад, ки даст ба чунин кор назадааст.
XS
SM
MD
LG