Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико нируҳояшро барои иҷрои пешниҳоди Обама омода мекунад


Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико

Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико

Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико мегӯяд, ки кишвараш омода кардани баъзе нируҳои дарёӣ ва баъзе васоити худро дар сурати гирифтани ҳар гуна тасмим роҷеъ ба амалиёти низомӣ дар Сурияро оғоз кардааст. Ҳегел гуфт, президент Барак Обама аз Пентагон хостаааст, ки барои ҳали масъалаи Сурия омода шавад ва баъзе аз роҳҳои ҳали ин масъала “тақозо мекунад, ки нируҳои мо дар он ҷо мустақар шаванд”.

Ҳегел нахост дар бораи ҳаракати нируҳои Амрико сӯҳбат кунад. Фақат илова кард, ки Амрико то ҳол расидигиро идома медиҳад, то рӯшан шавад, ки нируҳои Сурия аз аслиҳаи кимёӣ истифода кардаанд ё хайр. Бино ба гузоришҳо, дар ҳамлае дар аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ садҳо нафар ҷон бохтаанд.

Пештар Обама истифода аз газро “рӯйдоди бузурги нигаронии амиқ” арзёбӣ кард. Обама гуфт, агар иддао дар бораи истифодаи аслиҳаи кимёӣ аз тарафи нируҳои ҳукуматии Сурия таъйид шавад, дар он сурат вазъ “таваҷҷуҳи Амрикоро тақозо мекунад”.
XS
SM
MD
LG