Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи муштараки вазоратҳои Тоҷикистону Русия


Қарор аст, ҳафтаи оянда дар ҷаласаи муштараки мушовараи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия тақвияти ҳамкориҳо барои муқобила бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории созмонёфта баррасӣ шавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри баёнияе дар торнамои худ, хабар додааст, ки ҷаласаи муштарак бо ҳузури вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов дар шаҳри Екатеринбурги Русия, рӯзҳои 26 ва 27 август баргузор мешавад. Ба гуфтаи вазорат, мукаммал кардани ҳамкориҳои дутарафа барои бастани роҳҳои ҳавоиву заминии қочоқи маводи мухаддир, ҳамкориҳо барои ифшои ҷиноятҳои сангин аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил ва фаромилии ҷиноӣ, мубодилаи иттилоот аз масъалаҳои аслии ҷаласаи мушовара аст. Тоҷикистонро яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва сипас ба кишварҳои дигари Аврупо медонанд.
XS
SM
MD
LG