Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни инфиҷор дар Троблус афзуд


Бар асари ду таркиши қавӣ дар назди масҷидҳои суннимазҳабон дар шаҳри Троблуси Лубнон даҳҳо нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ ва беҳдоштӣ инфиҷори мошинҳои бомбгузоришуда дар назди ду масҷид дар Троблус 42 нафар кушта барҷой гузоштааст. Созмони Салиби Сурхи Лубнон мегӯяд, ки 500 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Баъд аз ҷангҳои шаҳрвандии Лубнон дар солҳои 1975-1990, ин кишвар бори аввал аст, ки шоҳиди чунин ҳамлаҳои мудҳиш мешавад. Касе масъулияти бомбгузориҳоро бар дӯш нагирифтааст, вале моҳҳои ахир таниш миёни тарафдорону мухолифони Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурияи ҳамсоя бо Лубнон авҷ гирифтааст. Ҳафтаи гузашта бомбгузорӣ дар як маҳаллаи шиъанишини шаҳри Бейрут дасти кам 22 нафарро кушта, 300 тани дигарро захмӣ кард. Ҷануби Бейрут як такягоҳи созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон аст, ки ба нерӯҳои Башор Асад дар ҷанг ба зидди шӯришиёни умдатан суннимазҳаб дар Сурия кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG