Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти нарх. Талко ҳаҷми истеҳсолоташро коҳиш надод


Ширкати «Талко» бо вуҷуди уфти қобили мулоҳизаи нархи алюминиюм, ҳаҷми истеҳсолоташро коҳиш нахоҳад дод.

Игор Сатторов, роҳбари Бахши таҳлиливу иттилоотии ширкати алюминиюми тоҷик «Талко» рӯзи 23-юми август дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, бӯҳрон дар биржаи ҷаҳонии металҳо дар Лондон ба кулли ширатҳои тавлидкунандаи аллюминиюм таъсир расонд: «Дар ширкати мо барномаи муқобили бӯҳрон қабул карда шудааст ва мо аз ҳамаи хароҷоте, ки бе восита ба истеҳсоли алюминий дахл надорад, даст кашида истодаем. Сари он кор карда истодаем, ки нархи истеҳсоли алюминиюмро поин бубарем. Дар ин росто корҳои мо хубанд».

Ҷаноби Сатторов инчунин афзуд, ки менеҷменти корхона хеле ҳирфавӣ амал мекунад ва бо вуҷуди бӯҳрон дар соли ҷорӣ ширкати «Талко» нияти коҳиш додани ҳаҷми истеҳсоли алюминийро надорад. Ба таъкиди Сатторов, маҳз усули толлинг, ки ширкати «Талко» аз он истифода мебарад дар шароити бӯҳронӣ имкон медиҳад корхона мӯътадил фаъолият кунад, чунки бархе аз риск ва мушкилотҳоро ширкатҳои шарики «Талко» бар ӯҳда доранд.

Игор Сатторов
Игор Сатторов
Дар ҳамин ҳол нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна дар семоҳаи дуввуми соли равон то 1835 доллар барои ҳар як тонна поин рафт. Имрӯз бошад нархи ҳар як тонна алюминий дар биржаи металҳои рангаи Лондон LME 1888 доллар 75 сентро ташкил мекунад. Зимнан, ба таъкиди коршиносон барои фаъолияти мӯътадили корхонаи алюминиюм ва гирифтани фоида аз истеҳсоли он нархи он бояд дар бозори ҷаҳонӣ на камтар аз 2400 доллар бояд бошад.

Дар ҳамин ҳол, дар оғози моҳи равон аз калонтарин истеҳсолкунадагони алюминий дар ҷаҳон ва Русия «Русал» эълон кард, ки фаъолияти чаҳор корхонаи алюминийро дар ширқи Русия ба далели зараровар шуданашон мутаваққиф мекунад. Аммо масъулони «Талко» мегӯянд ширкат даромаднок аст ва аз истеҳсоли алюминий зарар намебинад.

Коршиносон мегӯянд, «сири муваффақият»-и «Талко» ва нисбатан арзон афтодани нархи истеҳсоли алюминиюм дар он на ба усуи толлинг ва «менеҷменти самараноки» он балки ба арзон будани нерӯи барқ ва қувваи корӣ бастагӣ дорад. Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, арзиши истеҳсоли алюминий ба «Талко» барои он арзонтар меафтад, ки он нерӯи барқро бо нархи хеле ҳам имтиёзнок мехарад:

Масъуд Собиров
Масъуд Собиров
«Талко» барқро аз аҳолӣ дида арзонтар мегирад. Агар ҳамон нерӯи барқе, ки ин корхона меширад дар фасли сармо ба аҳолӣ фурӯхта шавад, давлати Тоҷикистон аз он бештар фоида мегирад нисбат ба оне, ки ширкати «Талко» онро истифода мекунад».

Аммо Игор Сатторов мегӯяд, ширкати «Талко» дар замони шӯравӣ маҳз ба далели вуҷуд доштани нерӯи барқи арзон дар Тоҷикистон сохта шуда буд: «Истеҳсоли алюминий масрафи барқи зиёдро талаб мекунад. Дар ҷое, ки нархи барқ гарон бошад, истеҳсоли алюминий зараровар мешавад. Дар замони шӯравӣ вақте, як киловатт/соат ба аҳолӣ бо нархи 4 тин фурӯхта мешуд, корхонаи алюминий онро бо нархи 0.03 тин мехарид».

Дар ҳоли ҳозир ширкати «Талко» як киловатт/соат нерӯи барқро бо нархи 9 дирам харидорӣ мекунад, аммо аҳолӣ онро бон нархи 11 дирам мехарад. Бояд гуфт, аҳолии Тоҷикистон дар 6 моҳи сол бинобар камбуди нерӯи барқ аз он маҳруманд ва расонаҳо борҳо ин суолро матраҳ карда буданд, ки барои Ҳукумати Тоҷикистон чӣ афзалтар аст: истеҳсоли алюминиюм ва ё рӯшноӣ дар хондони мардум дар фасли сармо?
XS
SM
MD
LG